Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

607. РАЗМИ ДУВУМИ ДОРО БО ИСКАНДАР

Чу Доро зи пеши Сикандар бирафт, Ба ҳар сӯ саворон фиристод тафт. Аз Эрону Тӯрон меҳонро бихонд, Дирам доду рӯзидеҳонро бихонд. Сари моҳи нав лашкар обод кард. Сари номдорон пур аз бод кард. Дигарбора аз об ин сӯ гузашт, Биёрост лашкар бар он паҳндашт, Сикандар чу бишнид, лашкар биронд, Пазира шуду созаш он ҷо бимонд. Сипаҳро чу рӯй андаромад ба рӯй, Замину замон гашт пархошҷӯй. Се рӯз андар он размашон шуд диранг, Чунон шуд, ки аз кушта буд ҷой танг. Фаровон зи эрониён кушта шуд, Ҷаҳонҷӯйро рӯз баргашта шуд. Пур аз дард баргашт аз овардгоҳ, Чу ёрӣ надодаш ҳаме хуру моҳ, Сикандар биёмад паси ӯ чу гард, Басе аз ҷаҳонофарин ёд кард. Хурӯше баромад зи пеши сипоҳ, Ки «Эй зердастони гумкардароҳ, Шуморо зи ман бими озор нест, Сипоҳи маро бо шумо кор нест. Бибошед эмин ба айвони хеш, Ба Яздон супурда тану ҷони хеш. Ба ҷону тан аз румиён растаед В-агарчи ба хун дастро шустаед». Чу лашкар аз ӯ эминӣ ёфтанд, Ҳаме рух сӯи румиён тофтанд. Сикандар биёмад ба дашти набард, Ҳама хоста сар ба сар гирд кард. Бубахшид бар лашкараш хоста, Сипоҳаш ба наввӣ шуд ороста. Бибуданд чанде бар он размгоҳ, Чу осуда шуд шаҳрёру сипоҳ, Ҷаҳондор Доро ба Чаҳрам расид, Ки он ҷо будӣ ганҷҳоро калид.