Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

608. РАЗМИ СеВУМИ ИСКАНДАР БО ДОРО ВА ГУРЕХТАНИ ДОРО БА КИРМОН

Сикандар чу аз кораш огоҳ шуд, Ки Доро ба тахт афсари моҳ шуд, Сипаҳ баргирифт аз Ироқу биронд, Ба рӯи ҳама номи Яздон бихонд. Сипаҳро миёну карона набуд, Ҳамон бахти Доро ҷавона набуд. Пазира шуданро биёрост шоҳ, Биёвард аз Истахр чандон сипоҳ, Ки гуфтӣ замин барнатобад ҳаме, Фалак роҳи рафтан наёбад ҳаме. Ду шоҳи ду кишвар кашиданд саф, Ҳама найзаву гурзу ханҷар ба каф. Баромад чунон аз ду лашкар хурӯш, Ки чархи фалакро бидаррид гӯш. Чу дарё шуд аз хуни гурдон замин, Тани бесарон буд ҳама дашти кин. Падарро набуд бар писар ҷои меҳр, Бар эшон набахшид гардонсипеҳр. Шаб омад, ба Доро даромад шикаст, Сикандар миён тохтанро бубаст. Ҷаҳондор Доро ба Кирмон расид, Ҳаме аз кафи душманон ҷон кашид. Сикандар биёмад ба Истахри Порс, Ки дайҳими шоҳон буду фахри Порс. Хурӯше баланд омад аз боргоҳ, Ки «Эй меҳтарони намояндароҳ, Ҳар он кас, ки зинҳор хоҳад ҳаме, Зи карда ба Яздон паноҳад ҳаме, Ҳама яксар андар паноҳи мананд, Бидонанд агар некхоҳи мананд. Ҳама хастагонро бубахшем чиз, Ҳамон хуни душман нарезем низ. Зи чизи касон даст кӯтаҳ кунем, Хирадро сӯи равшанӣ раҳ кунем. Чу пирӯзгар додамон фарраҳӣ, Бузургиву дайҳиму шоҳаншаҳӣ. Касе, к-ӯ зи фармони мо бигзарад, Ҳаме гардани аждаҳо биспарад».