Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

609. НОМАИ ДОРО БА ИСКАНДАР ДАР БОРАИ ОШТӢ

Дабири ҷаҳондидаро хонд шоҳ, Биёвард қиртосу мушки сиёҳ. Яке нома бинвишт бо доғу дард, Ду дида пур аз хуну рух лоҷвард. Зи Дорои Дороб бинн Ардашер, Сӯи қайсар Искандари шергир. Нахуст офарин кард бар кирдгор, К-аз ӯ дид неку бади рӯзгор. Дигар гуфт, к-«Аз гардиши осмон, Хирадманд барнагзарад бегумон. К-аз ӯ шодмонему з-ӯ бониҳеб, Гаҳе бар фарозу гаҳе бар нишеб. На мардӣ буд ин разми мо бо сипоҳ, Магар гардишу бахшиши хуру моҳ. Кунун буданӣ буду мо дил ба дард Чӣ дорем аз ин гунбади лоҷвард. Кунун гар бисозиву паймон кунӣ, Дил аз ҷанг ҷустан пушаймон кунӣ, Ҳамон ганҷи Гуштоспу Исфандёр, Ҳамон ёраву тавқи бо гӯшвор. Фиристам ба ганҷи ту аз ганҷи хеш, Ҳамон низ варзидаи ранҷи хеш. Ҳамон ман туро ёр бошам ба ҷанг, Ба рӯзи шитобат наҷӯям диранг. Касеро, ки дорӣ зи пайванди ман, Зи пӯшидарӯёну фарзанди ман, Бари ман фиристӣ, набошад шигифт, Ҷаҳонҷӯйро кин набояд гирифт. Зи пӯшидарӯён ҷуз аз сарзаниш, Наёбанд шоҳони бартарманиш. Чу нома бихонад худованди ҳуш, Биёрояд он ройи донишниюш.» Ҳаюне зи Кирмон биёмад дамон, Ба наздики Искандари бадгумон. Сикандар чу он нома бархонд, гуфт, Ки «Бо ҷони Доро хирад бод ҷуфт. Касе, к-ӯ гирояд ба пайванди ӯй, Зи пӯшидарӯёну фарзанди ӯй,