610. КУШТА ШУДАНИ ДОРО БА (ДАСТИ) ДАСТУРОНИ ХУД
Чу он посухи нома Доро бихонд,
Зи кори ҷаҳон дар шигифтӣ бимонд,
Саранҷом гуфт: «Ин зи куштан батар,
Ки ман пеши румӣ бубандам камар.
Сутудон маро беҳтар ояд зи нанг,
Бад-ин достон зад яке марди санг.
Ки гар оби дарё бихоҳад расид,
Бад-ӯ қатраборон наёяд падид.
Ҳаме будаме ёри ҳар кас ба ҷанг,
Чу шуд мар маро з-ин нишон кор танг,
Набинам ҳаме дар ҷаҳон ёр кас
Ҷуз аз Эзадам нест фарёдрас».
Чу ёвар набудаш зи наздику дур
Яке нома бинвишт наздики Фур.
Пур аз лобаву зердастиву дард,
Нахуст офарин бар ҷаҳондор кард.
Дигар гуфт, к-«Эй меҳтари ҳиндувон,
Хирадманду донову равшанравон,
Ҳамоно, ки назди ту омад хабар,
Ки моро чӣ омад зи ахтар ба сар.
Сикандар биёвард лашкар зи Рум,
На бар монд моро, на обод бум.
На пайванду фарзанду тахту кулоҳ,
На дайҳими шоҳӣ, на ганҷу сипоҳ.
Гар эдун, ки бошӣ маро ёрманд,
Ки аз хештан боздорам газанд,
Фиристам-т чандон гуҳарҳо зи ганҷ,
К-аз он пас набинӣ ту аз ганҷ ранҷ.
Ҳамон дар ҷаҳон низ номӣ шавӣ,
Ба назди бузургон гиромӣ шавӣ».
Ҳаюне фиристод бар сони бод,
Баромад бари Фури фуроннажод.
Чу Искандар огоҳ шуд з-он сухун,
Ки Дорои Дороб чӣ афканд бун,
Бифармуд, то баркашиданд ной,
Баромад ғави кӯсу ҳиндидарой.
Биёвард аз Истахр чандон сипоҳ,
Ки хуршед бар чарх гум кард роҳ.