611. АНДАРЗ КАРДАНИ ДОРО БО ИСКАНДАР ВА МУРДАН
Ба наздики Искандар омад вазир,
Ки «Эй шоҳи пирӯзу донишпазир,
Бикуштем мо душманат ногаҳон,
Сар омад бар ӯ тоҷу тахти меҳон».
Чу бишнид гуфтори Ҷонусёр,
Сикандар чунин гуфт бо Моҳёр,
Ки «Душман, ки афкандӣ акнун куҷост,
Бибояд намудан ба мо роҳ рост».
Бирафтанд ҳар ду ба пеш-андарун,
Дилу ҷони румӣ пур аз хашму хун.
Чу наздик шуд, рӯи Доро бидид,
Пур аз хун бару рӯй чун шанбалид.
Бифармуд, то бора бугзоштанд,
Ду дастури ӯро нигаҳ доштанд.
Сикандар зи асп андаромад чу бод,
Сари марди хаста ба рон барниҳод.
Нигаҳ кард, то хаста гӯянда ҳаст,
Бимолид бар чеҳри ӯ ҳар ду даст.
Зи сар баргирифт, афсари хусравиш,
Кушод аз бар он ҷавшани паҳлавиш,
Зи дида биборид бар вай сиришк,
Тани хастаро дид дур аз пизишк.
Бад-ӯ гуфт, к-«Ин бар ту осон шавад,
Дили бадсиголат ҳаросон шавад.
Ту бархезу дар маҳди заррин нишин
В-агар ҳаст нерӯт, бар зин нишин.
Зи Ҳинду зи Румат пизишк оварам,
Зи дарди ту хунин сиришк оварам.
Супорам туро подшоҳиву тахт,
Чу беҳтар шавӣ, мо бубандем рахт.
Ҷафопешагони туро ҳам кунун
Биёвезам аз дорҳо сарнагун.
Чунон шуд зи пирон шунидем дӯш
Дилам гашт пурхуну лаб пурхурӯш.
Ки ҳар ду зи як беҳу пероҳанем,
Ба бешӣ чаро тухмаҳо барканем».
Чу бишнид Доро, ба овоз гуфт,
Ки «Ҳамвора бо ту хирад бод ҷуфт.