612. НОМА НАВИШТАНИ ИСКАНДАР НАЗДИ БУЗУРГОНи ЭРОН
Зи Кирмон кас омад сӯи Исфаҳон,
Ба ҷое, ки буданд аз Эрон меҳон.
Ба наздики пӯшидарӯёни шоҳ,
Биёмад яке марди бодастгоҳ.
Бар эшон дуруди Сикандар бибурд,
Ҳама кори Доро бар эшон шумурд.
Чунин гуфт, к-«Аз марги шоҳони дод
Набошад дили душману дӯст шод.
Бидонед, к-имрӯз Доро манам,
Гар ӯ шуд ниҳон, ошкоро манам.
Фузун аст аз ӯ некуиҳо, ки буд,
Ба тимор дилро набояд шахуд.
Ҳама маргроем шоҳу сипоҳ,
Агар дер монӣ, ҳамин аст роҳ.
Буна сӯи шаҳри Ситахр оваред,
Ба пайванди мо низ фахр оваред.
Ҳамон аст Эрон, ки буд аз нахуст,
Бибошед шодондилу тандуруст».
Набиштанд нома ба ҳар кишваре,
Ба ҳар номдореву ҳар меҳтаре.
Зи Искандари Файлақуси бузург,
Ҷаҳонгиру бо кинаҷӯён сутург.
Ба назди бузургони солорфаш.
Далерони аспафкану кинакаш,
Сӯи нома аз подшоҳи каён
Сӯи кордонони эрониён.
Чу анбар сари хомаи Чин бишуст,
Сари нома буд офарин аз нахуст,
Бад-он додгар, к-ӯ ҷаҳон офарид,
Ҳамон ошкору ниҳон офарид.
Ду гетӣ падид омад аз кофу нун,
Чаро, на ба фармони ӯ-дар, на чун.
Сипеҳре, ки бинӣ аз ин сон равон,
Ба доноии ӯ бувад то тавон.
Бибошад ба фармони ӯ ҳар чи хост,
Ҳама бандагонему ӯ подшост.
В-аз ӯ бод бар номдорон дуруд,
Бар андозаи ҳар яке барфузуд.