Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

613. ОҒОЗИ ДОСТОН НИШАСТАНИ СИКАНДАР БАР ТАХТИ ЭРОН

Бар он офарин, к-ӯ ҷаҳон офарид, Замину замону макон офарид, Ки ором аз ӯй асту ҳам кор аз ӯ, Ҳам оғоз аз ӯй асту анҷом аз ӯ. Сипеҳру замону замин они ӯст, Каму беши гетӣ ба фармони ӯст. Зи хошоки ночиз то арш рост Саросар ба ҳастии ӯ-бар гувост. Ҷуз ӯро махон Кирдгори ҷаҳон, Шиносандаи ошкору ниҳон. В-аз ӯ бар равони Муҳаммад дуруд, Ба ёрон-ш- бар ҳар яке барфузуд. Сари анҷуман буд зи ёрон Алӣ, Ки хондаш паямбар Алии валӣ. Ҳама пок буданду парҳезгор, Суханҳои ӯ баргузашт аз шумор. Кунун бар суханҳо физоиш кунем, Ҷаҳонофаринро ситоиш кунем. Ситоем тоҷи шаҳаншоҳро, Ки бахташ дурахшон кунад моҳро. Ҷаҳондори бобахшишу фарру дод, Замона ба фармони ӯ гашта шод. Худованди кӯполу шамшеру ранҷ, Худованди осониву тоҷу ганҷ, Хирадманди донову чирасухан, Ҷавон ӯ ба солу ба дониш куҳан. Ҷаҳондори бофарру некишинос, Ки аз тоҷ дорад зи Яздон сипос. Ҳаме Муштарӣ тобад аз фарри ӯ, Бинозем дар сояи парри ӯ. Шаҳаншоҳ Маҳмуди бахшандазар, Фалак н-оварида чун ӯ тоҷвар. Ба разм осмонро хурӯшон кунад, Чу базм оядаш, гавҳар афшон кунад. Чу хашм оварад, кӯҳ резон кунад, Сипеҳр аз бари хок ларзон кунад. Падар бар падар шаҳрёр аст шоҳ, Бинозад бад-ӯ гунбади ҳуру моҳ.