614. НОМАИ ИСКАНДАР НАЗДИ ДИЛОРОЙ МОДАРИ РАВШАНАК
Бифармуд, то пеши ӯ шуд дабир,
Қалам хост румиву чинӣ ҳарир.
Нависанда аз килк чун хома кард,
Сӯи модари Равшанак нома кард,
Ки «Яздон туро музди некон диҳод,
Пас аз дард оромиши ҷон диҳод!
Набиштам яке номае пеш аз ин,
Набишта дар ӯ пандҳо беш аз ин.
Чу ҷуфти туро рӯз баргашта шуд,
Ба дасти яке банда-бар кушта шуд.
Бар оини шоҳон кафан сохтам,
Зи дарди ҷаҳондор пардохтам.
Басе оштӣ хостам пеши ҷанг,
Накард оштӣ, чун набудаш диранг.
Зи хунаш бупечид ҳам душманаш,
Ба мину расонод Яздон танаш!
Варо додгар ҷои некон диҳод,
Бадандешро заҳри пайкон диҳод!
Наёбад касе чора аз чанги марг,
Чу боди хазон асту мо ҳамчу барг.
Ҷаҳон яксар акнун ба пеши шумост,
Бар андарзи Доро фаровон гувост,
Ки ӯ Равшанакро ба ман доду гуфт,
Ки чун ӯ набошад туро дар нуҳуфт.
Кунун бо парастандаву доягон,
Аз Эрон бузургону пурмоягон,
Фиристед зудаш ба наздики ман,
Зудояд магар ҷони торики ман.
Бидонед чун пеш буд Исфаҳон,
Ба ҳар сӯ пароканда корогаҳон,
Ҳамон кордорони бошарму дод,
Ки Дорои Доробашон кард ёд.
Гар он ҷо нахоҳед, фармон равост,
Ҳама буми Эрон ба пеши шумост.
Дили хешро пурмудоро кунед,
Маро дар ҷаҳон ном Доро кунед».
Сӯи Равшанак ҳамчунон нома кард,
Суханро гузар бар сари хома кард.