615. ПОСУХИ НОМАИ СИКАНДАР АЗ ДИЛОРОЙ
Дилорой чун ин суханҳо шунид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Ба Доро зи дида биборид хун,
Ки буд рехта зери хок- андарун.
Нависандаи номаро пеш хонд,
Ҳаме хун зи мижгон ба рух барфишонд.
Мар он номаро зуд посух навишт,
Суханҳои бомағзу фаррух навишт.
Нахуст офарин кард бар додгар,
Худованди орому рою ҳунар.
Дигар гуфт, к- «аз кори гардонсипеҳр,
К-аз ӯй аст пархошу орому меҳр,
Ҳама фарри Доро ҳаме хостем,
Забонро ба номи вай оростем.
Кунун чун замони вай андаргузашт,
Сари гоҳи ӯ чӯби тобут гашт.
Туро хоҳам андар ҷаҳон некувӣ,
Бузургиву пирӯзиву хусравӣ,
Ба коми ту хоҳам, ки бошад ҷаҳон,
Бар ин ошкоро надорам ниҳон.
Шунидам ҳама ҳар чӣ гуфтӣ ба меҳр,
Ки аз ҷони ту шод бодо сипеҳр.
Аз он дахма Дорову аз Моҳёр,
Мукофоти бадхоҳ Ҷонусёр.
Чу хуни худованд резад касе,
Ба гетӣ дирангаш набошад басе.
Дигар он, ки ҷустӣ ҳама оштӣ,
Басе рӯз бо панд бугзоштӣ.
Набояд зи шоҳон парастандагӣ,
Наҷӯяд кас аз тоҷвар бандагӣ.
Ба ҷои шаҳаншоҳ Доро туӣ,
Чу хуршед шуд, моҳ моро туӣ.
Мабодо зи гетӣ ҷуз аз коми ту.
Ҳамеша бар айвонҳо номи ту.
Дигар он ки аз Равшанак ёд кард,
Дили мо бад- он орзу шод кард.
Парастандаи туст, мо бандаем,
Ба фармону роят сар афкандем