Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

616. БА ЗАНӢ ГИРИФТАНИ СиКАНДАР РАВШАНАКРО

Зи Аммурия модарашро бихонд, Чу омад, суханҳои Доро биронд. Бад-ӯ гуфт: «Назди Дилорой шав, Ба хубӣ бипайванд гуфтори нав. Ба парда- дарун Равшанакро бубин, Чу дидӣ, зи мо кун ҳазор офарин. Бубар тавқ бо ёраву гӯшвор, Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор. Сад астар зи густурданиҳо бубар, Даҳ уштур ба дебои румӣ ба зар. Ҳам аз ганҷу динор чун сӣ ҳазор, Ба бадра-дарун кун зи баҳри нисор. Зи румӣ чу сесад канизак бубар, В-агар бештар боядат, бештар. Яке ҷом деҳ ҳар якеро ба даст, Бар оини хубони хусравпараст. Ту бо хештан ходимон бар ба роҳ, Зи роҳу зи оини шоҳон макоҳ. Бишуд модари шоҳ бо тарҷумон, Даҳ аз файласуфони ширинзабон. Чу омад ба наздики шаҳр Исфаҳон Пазира шудандаш фаровон меҳон. Биёмад зи айвон Дилорой пеш, Худу номдорон ба оини хеш. Ба даҳлез карданд чандин нисор, Ки бар чашми мардум дирам гашт хор, Ба айвон нишастанд бо ройзан, Ҳама номдорон шуданд анҷуман. Дилорой бархост чандон ҷиҳез, Ки шуд дар ҷаҳон рӯи бозор тез. Шутур дар шутур буд фарсангҳо, Зи заррину симину аз рангҳо. Зи пӯшиданиҳову густурданӣ, Зи афканданиву пароканданӣ, Зи аспони тозӣ ба зарринситом, Зи шамшери ҳиндӣ ба зарринним. Зи хафтону аз хӯду баргустувон, Зи кӯполи заррину гурзи гарон.