Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

617. ХОБ ДИДАНИ КАЙД ПОДШОҲИ ҚАННУҶ

Чунин гуфт гӯяндаи паҳлавӣ, Шигифт оядат, к-ин сухан бишнавӣ. Яке шоҳ буд Ҳиндро, Кайд ном, Хирадманду бинодилу шодком. Дили бихрадон дошту мағзи радон, Нишасти каён, фарраи мӯбадон. Дамодам ба даҳ шаб паси якдигар Ҳаме хоб дид, ин шигифтӣ нигар. Ба Ҳиндустон ҳар кӣ доно буданд, Ба гуфтору дониш тавоно буданд, Бифармуд, то сохтанд анҷуман, Ҳар он кас, ки доно буду ройзан. Ҳама хобҳо пеши эшон бигуфт, Нуҳуфта падид оварид аз нуҳуфт. Кас онро гузориш надонист кард, Пурандешашон шуд дилу рӯй зард. Яке гуфт бо Кайд к-«Эй шаҳрёр, Хирадманду аз меҳтарон ёдгор. Яке номдор аст, Меҳрон ба ном, Ба гетӣ зи дониш расида ба ком. Ба шаҳр-андараш хӯрду ором нест, Нишастан-ш ҷуз бо даду дом нест. Зи тухми гиёҳони кӯҳӣ х(в)арад, Чу моро ба мардум ҳаме нашмарад. Нишастан-ш бо гурму оҳу бувад, Зи орому мардум ба як сӯ бувад. Зи гетӣ ба чизе наёбад газанд, Парастанда мардеву бахте баланд. Чунин гуфт бо донишӣ Кайдшоҳ, К-аз ин пурҳунар бугзарӣ, нест роҳ. Ҳам он гаҳ ба асп андаровард пой, Ба овози Меҳрон баромад зи ҷой. Ҳакимон бирафтанд бо ӯ ба ҳам, Бад-он то набошад сипаҳбад дижам. Сипаҳдор чун назди Меҳрон расид, Бипурсид донандаро, чун сазид. Бад-ӯ гуфт, к-«Эй марди яздонпараст, Ки дар кӯҳ бо гӯр дорӣ нишаст.