Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

618. ПОСУХ ДОДАНИ МЕҲРОН КАЙДРО

Чу бишнид Меҳрон зи Кайд ин сухун, Бад-ӯ гуфт: «Аз ин хоб дил бад макун. На камтар шавад бар ту номи баланд, На ояд бар ин подшоҳӣ газанд. Сикандар биёрад сипоҳи гарон, Зи Руму зи Эрон гузидасарон. Чу хоҳӣ, ки бошад туро обрӯй, Хирад ёр кун, ҷанги ӯро маҷӯй. Туро чор чиз аст андар ҷаҳон, Касе он надид аз кеҳону меҳон. Яке чун биҳишти барин духтарат, К-аз ӯ тобад андар замин афсарат. Дигар файласуфе, ки дорӣ ниҳон, Бигӯяд ҳама бо ту рози ҷаҳон. Се дигар пизишке, ки ҳаст арҷманд, Ба донандагӣ ном карда баланд. Чаҳорум қадаҳ, к-андар ӯ резӣ об, На з-оташ шавад гарму на з-офтоб. Зи хӯрдан нагирад камӣ оби ӯй, Бад-ин чизҳо рост кун тоби ӯй. Чу ояд, бар ин бошу масгол ҷанг, Чу хоҳӣ, ки эдар насозад диранг. Басанда набошӣ ту бо лашкараш, На бо чораву ганҷу бо кишвараш. Чу бар кори ту ройи фаррух ниҳам, Ҳамон хобро низ посух диҳам. Яке хона дидиву сӯрохи танг, К-аз он пил берун шудӣ бедиранг. Ту он хонаро ҳамчу гетӣ шинос, Ҳамон пил шоҳе бувад носипос, Ки бедодгар бошаду кажжгӯй, Ҷуз аз ном шоҳӣ набошад бад-ӯй. Дувум он чи дидӣ ту аз тоҷу тахт, К-аз ӯ шуд яке, дигар омад зи бахт. Ҳамон аст, к-ин вожгуна ҷаҳон Якеро барад, дигар орад давон. Ба дил сифла бошад, ба тан нотавон, Ба озандарун тезу тира равон.