619. ЛАШКАР КАШИДАНИ СИКАНДАР СӮИ КАЙД
Сикандар чу кард андар Эрон нигоҳ,
Бидонист, к-ӯро шуд ин боргоҳ.
Сӯи кайди ҳиндӣ сипаҳ баркашид,
Ҳама роҳу бероҳ лашкар кашид.
Ба ҷое ки омад Сикандар фароз,
Дари шорсонро кушоданд боз.
Аз он марз касро ба мардум надошт,
Зи Ноҳид миғфар ҳаме барфарошт.
Чу омад бад-он шорсони бузург,
Ки милод хондиш Кайди сутург.
Дар он марз лашкар фуруд оварид,
Ҳама буми эшон сипаҳ густарид.
Нависандаи номаро хонданд,
Ба пеши Сикандар-ш биншонданд.
Яке нома бинвишт наздики Кайд,
Чу шере, ки арғунда гардад зи сайд.
Зи Искандари роду пирӯзгар,
Худованди шамшеру ному гуҳар
Сари нома кард офарин аз нахуст,
Бад-он кас, ки дилро ба дониш бишуст,
Зи кор он гузинад, ки беранҷтар,
Чу хоҳад, ки бардорад аз ранҷ бар.
Гироянда бошад ба Яздони пок,
Аз ӯ дорад уммеду з-ӯ тарсу бок.
Бидонад, ки мо тахтро мояем,
Ҷаҳондори пирӯзро сояем.
Навиштам яке нома наздики ту,
Ки равшан кунад ҷони торики ту.
Бад-он гаҳ, ки бар ту бихонад дабир,
Манеҳ пешу инро сиголиш магир.
Агар шаб расад, равшаниро мапой,
Ҳам андар замон сӯи фармон гирой.
В-агар бугзарӣ, з-ин сухан нагзарам,
Сару тахту тоҷат ба пай биспарам!