Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

620. ПОСУХИ НОМАИ СИКАНДАР АЗ КАЙДИ ҲИНДӢ ВА МУЖДА ФИРИСТОДАНИ ЧАҲОР ЧИЗИ ШИГИФТ

Чу нома бари Кайди ҳиндӣ расид, Фиристодаи подшоро бидид. Фаровон-ш бистуду бинвохташ, Ба некӣ бари хеш биншохташ. Бад-ӯ гуфт: «Шодам ба фармони ӯй, Замоне нагардам зи паймони ӯй. Валекин бад-ин гуна носохта. Наёям дамон гардан афрохта. Наёяд писанди ҷаҳонофарин, На наздики он подшоҳи замин, Ҳамон гаҳ бифармуд, то шуд дабир, Қалам хост ҳиндиву чинӣ ҳарир. Мар он номаро зуд посух навишт, Биёрост бар сони боғи биҳишт. Нахуст офарин кард бар кирдгор, Худованди пирӯзиву рӯзгор. Худованди бахшандаву додгар, Худованди мардиву доду ҳунар. Дигар гуфт к-«Аз номвар подшо, Напечад сари мардуми порсо. Нашояд, ки дорем чизе дареғ Зи дорандаи лашкари тоҷу теғ. Маро чор чиз аст, к-андар ҷаҳон Касеро набуд ошкору ниҳон. Набошад касеро пас аз ман ба низ Бад-ин гуна андар ҷаҳон чор чиз. Фиристам, чу фармоядам пеши ӯй В-аз он тоза гардад дилу кеши ӯй. В-аз он пас чу фармоядам шаҳрёр, Биёям, парастиш кунам бандавор.