621. БОЗ ФИРИСТОДАНИ СИКАНДАР ФИРИСТОДАРО БАРОИ ДАРЁФТАНИ ЧАҲОР ЧИЗИ ШИГИФТ
Фиристода омад ба кирдори бод,
Бигуфт, он чи бишниду нома бидод.
Сикандар фиристодаро гуфт: «Рав,
Ба наздики он номвар бозшав.
Бигӯяш, ки он чист, к-андар ҷаҳон
Касеро набуд ошкору ниҳон,
Ки дидем худ буданӣ, ҳар чӣ буд,
Сипеҳр офариниш нахоҳад фузуд».
Биёмад фиристода аз назди шоҳ,
Ба кирдори оташ бипаймуд роҳ.
Чунин гуфт бо Кайд, к-«он чор чиз,
Ки касро ба гетӣ набудаст низ,
Ҳаме шоҳ хоҳад, ки донад, ки чист,
Ки нодиданӣ, ё ки нобуданист.
Чу бишнид Кайд он, зи бегона ҷой,
Бипардахту биншаст бо раҳнамой,
Фиристодаро пеш биншохтанд,
Зи ҳар дар фаровон-ш бинвохтанд.
В-аз он пас фиристодаро шоҳ гуфт,
Ки ман духтаре дорам андар нуҳуфт,
Ки гар бинадаш офтоби баланд,
Шавад тира аз рӯи он арҷманд.
Каманд аст гесӯш ҳамранги қир,
Ҳаме ояд аз ду лабаш бӯи шир.
Хам орад зи болои ӯ сарвбун,
Дур афшон кунад, чун сарояд сухун.
Зи дидори чеҳраш хирад бугзарад,
Ҳаме дониши ӯ хирад парварад.
Чу хомӯш бувад, ҷои шарм асту бас,
Чунин дар замона надидаст кас.
Сипаҳбаднажод асту яздонпараст,
Дили шарму парҳез дорад ба даст.
Яке ҷом дорам, ки пурмай кунӣ,
В-агар оби сард андар ӯ афканӣ,
Ба ду рӯз агар бо надимон ба ҳам
Нишинӣ, нагардад май аз ҷом кам.
Ҳамат май диҳад ҷому ҳам оби сард,
Шигифт он ки каммӣ нагирад зи х (в) ард.