Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

622. ФИРИСТОДАНИ ИСКАНДАР НӮҲ МАРДИ ДОНО БАРОИ ДИДАНИ ЧАҲОР ЧИЗИ ШИГИФТ

Гузин кард аз румиён мард чанд, Хирадманд бодонишу бегазанд. Яке нома бинвишт пас шаҳрёр, Пур аз пӯзишу рангу бӯю нигор, Ки нӯҳ номвар устуворони хеш, Ҷаҳондидаву роздорони хеш. Хирадманду бофарру бошарму рой, Ҷаҳонбину пурдонишу раҳнамой. Фиристодам инак ба наздики ту, Напечанд аз ройи борики ту. Ту ин чизҳоро бад-эшон намой, Бимон, то бибошанд он ҷо ба ҷой. Чу ман нома ёбам зи пирони хеш, Аз ин пурҳунар ёдгирони хеш, Ки бугзашт бар чашми мо чор чиз, Ки андар ҷаҳон кас надидаст низ. Нависем пас номае бар паринд, Ки Кайд аст, то бошад ӯ, шоҳи Ҳинд. Хирадманд нӯҳ марди румӣ бирафт, Зи назди Сикандар сӯи Кайд тафт. Чу солори Ҳинд он саронро бидид, Фаровон бипурсиду посух шунид. Чунон чун бибоист, бинвохтшон, Яке моявар ҷойгаҳ сохтшон. Дигар рӯз чун осмон гашт зард, Бароҳехт хуршед теғи набард, Биёростанд духтари шоҳро, Набояд худ оростан моҳро. Ба хона- дарун тахти заррин ниҳод, Ба гирд- андар ороиши Чин ниҳод. Нишаст аз бари тахт хуршедчеҳр, Зи Ноҳид тобандатар бар сипеҳр. Бирафтанд бедор нӯҳ марди пир, Забон чарбгӯяндаву ёдгир. Фиристодашон шоҳ сӯи арӯс Бар овози Искандари Файлақус. Чу диданд пирон рухи духти шоҳ, Дурахшон аз ӯ хонаву тоҷу гоҳ,