407. РАЗМ ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ РУҲҲОМ
Чу омад ба лашкаргаҳи хеш боз,
Ҳаме суд дандон ба сони гуроз.
Нишаст аз бари зин сапедадамон
Чу шери жиён бо яке тарҷумон.
Биёмад ба наздики эронсипоҳ
Пур аз ҷанг дил, сар пур аз кини шоҳ
Чу Пирон бидонист, к-ӯ шуд ба ҷанг,
Бар ӯ-бар ҷаҳон гашт з-андӯҳ танг.
Биҷӯшидаш аз кори Ҳумон ҷигар,
Яке достон ёд кард аз падар,
Ки доно ба ҳар кор созад диранг,
Сар андарнаёрад ба пайкор танг.
Сабуксор тундӣ намояд нахуст,
Ба фарҷоми кор андуҳ орад дуруст.
Забоне ки андар сараш мағз нест,
Агар дур биборад ҳамон, нағз нест.
Чу Ҳумон бад-ин разм тундӣ намуд,
Надонам чӣ орад ба фарҷом суд?
Ҷаҳондовараш бод фарёдрас,
Ҷуз ӯяш набинам ҳаме ёр кас.
Чу Ҳумони Виса бад-он размгоҳ,
Ки Гударзи Кашвод буд бо сипоҳ,
Биёмад, ки ҷӯяд зи гурдон набард,
Нигаҳбони лашкар бар ӯ бозх(в)ард.
Талоя биёмад бари тарҷумон,
Саворони Эрон ҳама бадгумон.
Бипурсид, к-ин гурди пархошҷӯй
Ба хира ба дашт-андар овард рӯй,
Куҷо рафт хоҳад ҳаме чун наванд,
Ба чанг- андарун гурзу бар зин каманд?
Ба эрониён гуфт пас тарҷумон,
Ки омад гаҳи теғу гурзу камон,
Ки ин шердил номбардор мард,
Ҳаме бо шумо кард хоҳад набард.
Сари висагон аст Ҳумон ба ном
Ки теғаш дили шер дорад ниём.
Чу диданд эрониён гурзи ӯй,
Камарбастану хусравӣ бурзи ӯй,