406. ДАСТУРИИ НАБАРД ХОСТАНИ ҲУМОН АЗ ПИРОН
В-аз он лашкари турк Ҳумон далер
Биёмад ба пеши бародар чу шер,
Ки эй паҳлавони рад, Афросиёб,
Гирифт андар ин ҷанг моро шитоб.
Ба панҷум фароз омад ин рӯзгор,
Миён баста дар ҷанг чандин савор,
Аз оҳан миён судаву дил зи кин,
Ниҳода ду дида ба Эронзамин.
Чӣ дорӣ ба рӯй андаровард рӯй,
Чӣ андеша дорӣ ба дил-дар, бигӯй?
Гарат рои ҷанг аст, ҷанг озмой,
В-агар рои баргаштан, эдар мапой,
Ки нанг аст бар ту, аё паҳлавон,
Бар ин кор хандид пиру ҷавон.
Ҳамон лашкар аст ин, ки аз мо ба ҷанг
Бирафтанду рафта зи рух обу ранг.
Аз эшон ҳама размгаҳ кушта буд,
Замин сар ба сар ҷӯи хун гашта буд.
На з-ин номдорон саворе кам аст,
На он дударо паҳлавон Рустам аст.
В-арат орзу нест хун рехтан,
Нахоҳӣ ҳаме лашкар ангехтан,
Зи ҷанговарон баҳрае баргузин,
Ба ман деҳ, ту бингар бад-ин дашти кин”.
Чу бишнид Пирон зи Ҳумон сухун,
Бад-ӯ гуфт: “Маштобу тундӣ макун.
Бидон, эй бародар, ки ин размхоҳ,
Ки омад бари ман чунин бо сипоҳ,
Гузини бузургони Кайхусрав аст,
Сари номдорону ҳам паҳлав аст.
Яке он ки Кайхусрав аз шоҳи ман
Ҳаме сар фарозад ба ҳар анҷуман.
Ва дигар, ки аз паҳлавонони шоҳ
Надонам чу Гударз касро ба ҷоҳ.
Ба гарданфарозиву мардонагӣ,
Ба рои ҳушивору фарзонагӣ,
Се дигар, ки пурдоғ дорад ҷигар,
Пур аз хун дил аз дарди чандон писар,