Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

405. РАФТАНИ БЕЖАН БА НАЗДИ ГЕВ БА РАЗМ ХОСТАН

Ду лашкар ба рӯй андаровард рӯй Ҳама номдорони пархошҷӯй. Чунин истода се рӯзу се шаб, Ту гуфтӣ якеро наҷунбид лаб. Ҳаме гуфт Гударз, гар ҷои хеш Супорам бад-эшон, ниҳам пой пеш, Сипоҳ андарояд паси пушти ман, Намонад ба ҷуз бод дар мушти ман. Шабу рӯз бар пой пеши сипоҳ Ҳамеҷуст некахтари ҳуру моҳ, Ки то рӯзгоре ки некахтар аст, Кадом аст ҷунбиш киро дарх(в)ар аст. Куҷо бардамад бод рӯзи набард, Ки чашми саворон бипӯшад ба гард. Бар эшон биёбам магар дастгоҳ, Ба кирдори бод андарорам сипоҳ. В-аз он рӯй Пирон ниҳода ду чашм, Ки Гударзро дил биҷӯшад зи хашм, Кунад пушт пардахту ронад сипоҳ, Камин андарорад ба пушташ зи роҳ. Ба рӯзи чаҳорум зи пушти сипоҳ Бишуд Бежани Гев то қалбгоҳ. Ба пеши падар шуд ҳама ҷома чок, Ҳаме б-осмон барпароканд хок. Ҳаме гуфт, к-эй боби корозмой, Чароӣ бар ин хира будан ба пой? Ба панҷум фароз омад ин рӯзгор, Шабу рӯз осоиш омад зи кор. На хуршед шамшери гурдон бидид, На гарде ба рӯи ҳаво бардамид. Саворон ба хафтону хӯд-андарун, Якеро ба раг дарнаҷунбид хун. Ба Эрон пас аз Рустами номдор Набудӣ чу Гударз дигар савор. Кунун то биёмад зи ҷанги Пашан, Аз он куштану размгоҳи гашан. Ба Лодан, ки чандин писар кушта дид, Сари бахти эрониён гашта дид,