404. САФ КАШИДАНИ ҲАРДУ ЛАШКАР
Чу Гев андаромад ба пеши падар
Ҳаме гуфт посух ҳама дар ба дар
Ба Гударз гуфт: “Андаровар сипоҳ,
Ба ҷое, ки созӣ ҳаме размгоҳ,
Ки ӯро ҳаме оштӣ рой нест,
Ба дил-ш-андарун додро ҷой нест.
Зи ҳар гуна бо ӯ сухан рондам,
Ҳаме ҳарчи гуфтӣ, бар ӯ хондам,
Чу омад падидор аз эшон гуноҳ,
Ҳаюне барафканд наздики шоҳ,
Ки Гударзи Гев андаромад ба ҷанг,
Сипаҳ ронд бояд кунун бедиранг.
Сипоҳ андаромад зи Афросиёб,
Чу мо бозгаштем, бугзошт об.
Кунун кинаро кӯс бар пил баст,
Ҳаме ҷанги моро кунад пешдаст”.
Чунин гуфт бо Гев пас паҳлавон,
Ки “Пирон ба серӣ расид аз равон.
Ҳамин доштам чашм аз ин бад ниҳон,
Валекин ба фармони шоҳи ҷаҳон
Бибоист рафтан, ки чора набуд,
Дилашро кунун шаҳрёр озмуд.
Яке достон гуфта будам ба шоҳ,
Чу фармуд лашкаркашидан ба роҳ,
Ки “Дилро зи меҳри касе баргусил,
Куҷо несташ бо забон рост дил.
Ҳама меҳри Пирон ба туркон-бар аст,
Бишӯяд ҳаме шоҳ аз ӯ пок даст”.
Давон аз паи Гев Пирон далер
Сипаҳро ҳаме ронд бар сони шер.
Чу донист Гударз, к-омад сипоҳ,
Бизад кӯсу омад зи Райбад ба роҳ.
Зи кӯҳ андаромад, ба ҳомун гузашт,
Кашиданд лашкар бар он паҳндашт.
Ба дашт андаровард лашкар гурӯҳ
Ба ҳомун сипоҳ аз паси пушти кӯҳ.
Чу Пирон сипоҳ аз Канобад биронд,
Ба рӯз-андарун рӯшноӣ намонд.