Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

403. РАФТАНИ ГЕВ БА ВИСАГИРД БА НАЗДИКИ ПИРОН

Зи пеши падар Гев шуд то ба Балх, Гирифта ба ёд он суханҳои талх. Фуруд омаду кас фиристод зуд, Бад-он сон, ки Гударз фармуда буд. Ҳамон шаб сипоҳ андаровард гирд, Бирафт аз дари Балх то Висагирд, Ки Пирон бад-он шаҳр буд бо сипоҳ, Ки дайҳими Эрон ҳаме ҷусту гоҳ. Фиристода чун назди Пирон расид, Сипаҳдори турконсипаҳро бидид. Бигуфташ, ки “Омад сӯи Балх Гев, Або ӯ бузургону гурдони нев”. Чу бишнид Пирон, барафрохт гӯш, Баромад зи гурдони лашкар хурӯш. Бизад нои рӯину барбаст кӯс, Шуд аз сумми аспон замин обнӯс. Саду даҳ ҳазораш зи лашкар савор, Фароз омаданд аз дари корзор. Аз эшон ду баҳра ҳамон ҷо бимонд, Бирафту ҷаҳондидагонро бихонд. Биёмад, чу наздики Ҷайҳун расид, Ба гирди лаби об лашкар кашид. Ба Ҷайҳун - бар аз найза девор кард, Або Геви Гударз дидор кард. Ду ҳафта шуд андар суханшон диранг, Бад-он то набошад ба бедод ҷанг. Зи ҳар гуна гуфтанду Пирон шунид, Гунаҳгорӣ омад зи туркон падид. Бузургони Эрон забон ёфтанд, Бар эшон ба гуфтор биштофтанд. Барафканд Пирон ҳам андар шитоб Наванде ба наздики Афросиёб, Ки Гударзи Кашводагон бо сипоҳ Ниҳод аз бари тахти Эрон кулоҳ. Фиристода омад ба наздики ман, Гузин пури ӯ Геви лашкаршикан. Маро гӯшу дил сӯи фармони туст, Ба паймон равонам гаравгони туст.