402. ПАЁМ БУРДАНИ ГЕВ АЗ ГУДАРЗ НАЗДИ ПИРОН
Чу Гударз наздики Райбад расид,
Саронро зи лашкар ҳама баргузид.
Ҳазор аз далерони найзагузор
Гузин кард гарданкашу номдор.
В-аз эрониён номвар даҳ савор
Сухангӯю андархури корзор.
Сипаҳдор пас Гевро пеш хонд,
Ҳама гуфтаи шоҳ бо ӯ биронд.
Бад-ӯ гуфт, к-Эй пури ҳушёрсар,
Барафрохта сар зи бисёр сар.
Гузин кардаам дархурат лашкаре,
Ки ҳастанд солори ҳар кишваре.
Бад-он то ба наздики Пирон шавӣ,
Бигӯиву гуфтори ӯ бишнавӣ.
Бигӯӣ ба Пирон, ки ман бо сипоҳ
Ба Райбад расидам ба фармони шоҳ.
Шиносӣ ту гуфтору кирдори хеш,
Беозориву ранҷу озори хеш.
Ҳама шаҳри Турон бадиро миён
Бубастанд бо номдори каён.
Фаридуни фаррух, ки бо доғу дард
Ба гетӣ - дарун дида пуроб кард.
Пур аз дард Эрон, пур аз доғ шоҳ,
Ки бо сӯги Эраҷ натобид моҳ.
Зи туркон ба танҳо ту бар анҷуман,
Ситоӣ ба меҳру вафо хештан.
Дурӯғ аст бар ту ҳаме номи меҳр,
Набинам-т андар дил орому меҳр.
Ҳамон аст, к-он шоҳи озармҷӯй
Маро гуфт: “Бо ӯ ҳама нарм гӯй”.
Бад-он, к-ӯ ба гоҳи Сиёвахши рад
Наяфканд аз рӯз бунёди бад,
Ба назди манаш дастгоҳ аст низ,
Зи хуни падар бегуноҳ аст низ.
Гуноҳе ки то ин замон кардаӣ,
Зи шоҳон касеро наёзурдаӣ.
Ҳама шоҳ бугзорад аз ту ҳаме,
Бадӣ некӣ ангорад аз ту ҳаме.