401. Ки моро сар аз ҷанги Афросиёб
Наёбад ҳаме хӯрду орому хоб.
Алонону Ғарча ба Лӯҳросп дод,
Бад-ӯ гуфт, к- “Эй гурди фаррухнажод,
Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ.
Саворони шоистаи корзор
Бубар, то барорӣ зи туркон димор”.
Ба Ашкаш бифармуд, то сӣ ҳазор
Даманда ҳизаброни найзагузор
Барад сӯи Хоразм кӯси бузург,
Сипоҳе ба кирдори даррандагург.
Занад бар дари шаҳри Хоразм гоҳ,
Або Шеда гардад ҳаме размхоҳ.
Чаҳорум сипаҳро ба Гударз дод,
Бад-ӯ гуфт, к-Эй гурди паҳлавнажод,
Бирав бо бузургони Эрон ба ҳам
Чу Гургину чун Зангаву Густаҳам,
Чу Шедушу Фарҳоди Харроду Гев,
Гуроза сипаҳдору Руҳҳоми нев.
Бифармуд бастан камаршон ба ҷанг,
Сӯи шаҳри Турон шудан бедиранг.
Сипаҳдор Гударзи кашводагон,
Ҳамон паҳлавонону озодагон
Нишастанд бар зин ба фармони шоҳ,
Сипаҳдор Гударз пеши сипоҳ.
Ба Гударз фармуд пас шаҳрёр,
Ки рафтӣ камарбастаи корзор,
Нигар, то наёзӣ ба бедод даст,
Нагардонӣ айвони обод паст.
Касе к-ӯ ба ҷангат набандад миён,
Чунон соз, к-аз ту набинад зиён,
Ки напсандад аз мо бадӣ додгар,
Сипанҷ аст гетиву мо баргузар.
Чу лашкар сӯи марзи Турон барӣ,
Макун тез дилро ба оташсарӣ.
Нигар, то наҷӯшӣ ба кирдори Тус
Набандӣ ба ҳар кор бар пил кӯс.
Ба ҳар кор бо ҳар касе дод кун,