400. ФИРИСТОДАНИ КАЙХУСРАВ ГУДАРЗРО БА ҶАНГИ ТУРОНИЁН
Пас огоҳӣ омад ба пирӯз шоҳ,
Ки омад зи Турон ба Эрон сипоҳ.
Ҷафопеша, бадгавҳар Афросиёб
Зи кина на ором ҷӯяд, на хоб.
Баровард хоҳад ҳаме сар зи нанг,
Зи ҳар сӯ фиристод лашкар ба ҷанг.
Ҳаме заҳр сояд ба нӯки синон,
Ки тобад магар сӯи Эрон инон,
Саворони ҷангӣ чу сесад ҳазор,
Зи Ҷайҳун ҳаме кард хоҳад гузор,
Сипоҳе ки ҳангоми нангу набард
Зи Ҷайҳун ба гардун бароранд гард.
Далерон ба даргоҳи Афросиёб
Зи бонги табира наёбанд хоб.
Зи овози шайпуру захми дарой
Ту гуфтӣ барояд ҳаме дил зи ҷой.
Гар ояд ба Эрон ба ҷанг он сипоҳ,
Ҳизабри диловар наёяд ба роҳ.
Сари марзи Эрон ба Пирон супурд,
Сипоҳе фиристод бо ӯ на хурд.
Сӯи марзи Хоразм панҷаҳ ҳазор
Камарбаста рафт аз дари корзор.
Сипаҳдорашон Шедаи шердил,
К-аз оташ ситонад ба шамшер дил.
Сипоҳе ба кирдори пилони маст,
Ки бо ҷанги эшон шавад кӯҳ паст.
Чу бишнид гуфтори корогаҳон,
Пурандеша биншаст шоҳи ҷаҳон.
Пас он гаҳ чунин гуфт, к-”Эй бихрадон,
Ман эдун шунидастам аз мӯбадон,
Ки чун моҳи туркон барояд баланд
Зи хуршеди Эронаш ояд газанд.
Сияҳмор чун сар барорад, бикӯб,
Зи сӯрох печон шавад сӯи чӯб.
Чу Хусрав ба бедод корад дарахт,
Бигардад аз ӯ подшоҳиву бахт”.
Пас он гаҳ ҳама мӯбадонро бихонд,
Шунида сухан пеши эшон биронд.