Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

399. ДАРХОНДАНИ АФРОСИЁБ СИПОҲРО

Дили шоҳи туркон чунон кам шунуд, Ҳамеша ба ранҷ аз паи оз буд. Аз он пас, ки баргашт аз он размгоҳ, Ки Рустам бар ӯ кард гетӣ сиёҳ. Бишуд тозиён, то ба Халлух расид, Ба нанг аз каён сар шуда нопадид. Ба кох андаромад пурозор дил, Або кордонони ҳушёрдил. Чу Пирону Гарсевази раҳнамун, Қарохону чун Шедаву Гарсиюн. Чу Ҳумону Калбоду Фаршедвард, Чу Рӯини Пирон- наҳанги набард. Бар эшон ҳама достон баркушод, Гузашта суханҳо ҳама кард ёд, Ки “То барниҳодам ба шоҳӣ кулоҳ, Маро гашт хуршеди тобону моҳ. Маро буд бар меҳтарон дастрас, Инони маро барнатобид кас. Зи ҳангоми разми Манучеҳр боз Набуд дасти Эрон ба Турон дароз. Шабехун кунун то дари хони ман Аз Эрон бисозанд бар ҷони ман. Диловар шуд он мардуми нодалер, Гавазн андаромад ба болини шер. Бар ин кинагар кор созем зуд, В-агарна бароранд аз ин марз дуд. Сазад, гар кунун гирди ин кишварам, Саросар фиристодагон густарам. Зи туркону аз Чин ҳазорон ҳазор Камарбастагон аз дари корзор Биёрем бар гирди Эрон сипоҳ, Бисозем бар ҳар сӯе размгоҳ. Ҳама мӯбадон рои ҳушёри хеш Ниҳоданд дар пеши солори хеш, Ки моро зи Ҷайҳун бибояд гузашт, Задан кӯси шоҳӣ бар он паҳндашт. Ба Омуй лашкаргаҳе сохтан, Шабу рӯз н-осудан аз тохтан,