Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

398. ДОСТОНИ ДУВОЗДАҲ РУХ ОҒОЗИ ДОСТОН

Ҷаҳон чун ба зорӣ барояд ҳаме, Баду нек рӯзе сар ояд ҳаме. Чу бастӣ камар бар дари роҳи оз, Шавад кори гетит яксар дароз. Ба як рӯй ҷустан баландӣ сазост, Агар дар миёни дами аждаҳост. Парастандаи озу ҷӯёи кин Ба гетӣ зи кас нашнавад офарин. Ва дигар чу гетӣ надорад диранг, Сарои сипанҷӣ чи паҳну чи танг. Чу сарви саҳӣ каж бигардад ба боғ, Бар ӯ-бар шавад тира равшан чароғ. Шавад барг пажмурдаву бех суст, Сараш сӯи пастӣ гирояд нахуст. Барояд зи хоку шавад боз хок, Ҳама ҷои тарс асту тимору бок. Сари мояи марди сангу хирад Ба гетӣ беозорӣ андархурад. Агар худ бимонӣ ба гетӣ дароз, Зи ранҷи тан ояд ба рафтан ниёз. Яке жарфдарёст бун нопадид, Дари ганҷи розаш надорад калид. Агар чанд монӣ, фузун боядат, Ҳамон хурди як рӯз бугзоядат. Се чизат бибояд, к-аз ӯ чора нест, В -аз он низ бар сар-т пайғора нест: Хурӣ ё бипӯшӣ ва ё густарӣ, Сазад, гар ба дигар сухан нангарӣ, К- аз ин се гузаштӣ, ҳама ранҷу оз, Чи дар оз печӣ, чи андар ниёз?! Чӣ донӣ, ки бар ту намонад ҷаҳон Чӣ ранҷонӣ аз оз ҷону равон?! Бихур он чи дориву бешӣ маҷӯй, Ки аз оз коҳад ҳаме обрӯй.