Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

397. ҶАШН ОРОСТАНИ ХУСРАВ

Бифармуд Хусрав, ки бинҳанд хон, Бузургони воломанишро бихон. Чу аз хони солор бархостанд, Нишастангаҳи май биёростанд Фурӯзандаи маҷлису майгусор, Навозандаи чанг бо гӯшвор. Ҳама бар сарон афсарони гарон, Ба зар - андарун пайкар аз гавҳарон, Ҳама рух чу дебои румӣ ба ранг, Хурӯшон зи чанги паризода чанг, Табақҳои заррин пур аз мушки ноб, Ба пеш - андарун обгири гулоб Ҳаме тофт аз фарри шоҳаншаҳӣ Чу моҳи дуҳафта зи сарви саҳӣ. Ҳама паҳлавонони хусравпараст Бирафтанд аз айвони солор маст. Ба шабгир Рустам биёмад ба дар Кушодадилу танг баста камар. Ба дастурии бозгаштан ба ҷой, Ҳаме зад ҳушивор бо шоҳ рой. Яке даст ҷома бифармуд шоҳ Гуҳарбофта бо қабову кулоҳ. Яке ҷоми пургавҳари шоҳвор, Сад аспу сад уштур ба зину ба бор, Ду панҷа парирӯй баста камар, Ду панҷа парастор бо тавқи зар Ҳама пеши шоҳи ҷаҳонкадхудой Биёварду карданд яксар ба пой. Ҳама Рустами Зобулиро супурд, Заминро бибӯсиду барҷаст гурд. Ба сар барниҳод он кулоҳи каён, Бубаст он каёнӣ камар бар миён. Абар шоҳ кард офарину бирафт, Раҳи Систонро бисечид тафт. Бузургон, ки буданд бо ӯ ба ҳам Ба ранҷу ба ҷангу ба шодиву ғам, Бар андозашон як ба як ҳадя дод, Аз айвони хусрав бирафтанд шод.