Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

396. БОЗ ОМАДАНИ РУСТАМ ПЕШИ КАЙХУСРАВ

Чу огоҳӣ омад ба шоҳи далер, Ки аз беша пирӯз баргашт шер, Ки Бежан шуд аз банду зиндон раҳо, Зи дасти бадандеш нараждаҳо. Сипоҳе зи Турон ба ҳам баршикаст, Ҳама комаи душманон кард паст. Зи шодӣ ба пеши ҷаҳонофарин Биёмад, бимолид рух бар замин. Чу Гударзу Гев огаҳӣ ёфтанд, Сӯи шоҳи пирӯз биштофтанд. Баромад хурӯшу биёмад сипоҳ, Табиразанон баргирифтанд роҳ. Даманда дамон говдум бар дараш, Баромад хурӯшидан аз лашкараш. Сияҳ карда майдонаш аспон ба сум, Ҳама шаҳр овои рӯинахум. Гурозон саворон дамону данон, Ба дандон замин жандапилон канон. Ба пеши сипоҳ - андарун бӯқу кӯс, Дурафш аз паси пушти Гударзу Тус. Ба як даст барбаста шеру паланг Ба занҷиру дигар саворони ҷанг. Пазира сӯи паҳлавони сипоҳ, Бад-ин гуна фармуд пирӯз шоҳ. Бирафтанд лашкар гурӯҳогурӯҳ, Замин шуд зи гурдон ба кирдори кӯҳ. Чу омад ба дидор аз анбӯҳ нев, Пиёда шуд аз асп Гударзу Гев. Бад-ин сон бузургони эронсипоҳ Пиёда бирафтанд яксар ба роҳ. Аз асп андаромад ҷаҳонпаҳлавон, Парастиш намуданд пиру ҷавон. Бар ӯ офарин кард Гударзу Гев, Ки «Эй номбардор солори нев! Туро ҷовидон бод Яздон паноҳ, Ба коми ту гарданда хуршеду моҳ. Далер аз ту гардад ба ҳар ҷой шер, Сипеҳр аз ту ҳаргиз магардод сер.