395. ШИКАСТ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ЭРОНИЁН
Чу ин гуфта бишнид турки дижам,
Биларзиду барзад яке тез дам.
Барошуфт, к-«Эй номдорони Тур,
Бад-ин дашт ҷанг аст ё базму сур?
Бибояд кашидан бад-ин кор ранҷ,
Ки бахшам шуморо аз ин ранҷ ганҷ».
Чу гуфтори солор карданд гӯш,
Зи гурдони лашкар баромад хурӯш.
Чунон тирагун шуд зи гард офтоб,
Ки гуфтӣ ҷаҳон ғарқ шуд андар об.
Фурӯ кӯфт бар пил рӯинаҳум,
Дамиданд шайпур бо говдум.
Зи ҷавшан яке бораи оҳанин
Кашиданд гурдон дар он дашти кин.
Биҷунбид дашту битавфид кӯҳ,
Зи бонги саворони ҳар ду гурӯҳ.
Дурахшон ба гард - андарун теғи тез,
Ту гуфтӣ баромад ҳаме растахез.
Ҳаме гурзи пӯлод ҳамчун тагарг
Биборид бар ҷавшану хӯду тарг.
В-аз он Рустами аждаҳофаш дурафш
Шуда рӯи хуршеди тобон бунафш.
Бипӯшид рӯи ҳаворо ба тир,
Ба хуршед гуфтӣ барандуд қир
Ба ҳар сӯ ки Рустам барафканд Рахш,
Сарони саворон ҳаме кард пахш.
Ба чанг - андарун гурзаи говсор,
Ба сони ҳаюни гусистамиҳор.
Зи қалб андаромад ба кирдори гург,
Пароканда кард он сипоҳи бузург.
Сарони саворон чу барги дарахт
Фурӯ рехт аз боду баргашт бахт.
Баромад чу бод Ашкаш аз дасти рост,
Зи Гарсевази теғзан кина хост.
Чу Гургину Фарҳоду Руҳҳоми гурд
Чапи лашкари шоҳи Турон бибурд.
Ба қалб - андарун Бежани тезҷанг
Ҳаме базмгоҳ омадаш ҷои ҷанг.