Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
399. ДАРХОНДАНИ АФРОСИЁБ СИПОҲРО
Дили шоҳи туркон чунон кам шунуд, Ҳамеша ба ранҷ аз паи оз буд. Аз он пас, ки баргашт аз он размгоҳ, Ки Рустам бар ӯ кард гетӣ сиёҳ.
398. ДОСТОНИ ДУВОЗДАҲ РУХ ОҒОЗИ ДОСТОН
Ҷаҳон чун ба зорӣ барояд ҳаме, Баду нек рӯзе сар ояд ҳаме. Чу бастӣ камар бар дари роҳи оз, Шавад кори гетит яксар дароз.
397. ҶАШН ОРОСТАНИ ХУСРАВ
Бифармуд Хусрав, ки бинҳанд хон, Бузургони воломанишро бихон. Чу аз хони солор бархостанд, Нишастангаҳи май биёростанд
396. БОЗ ОМАДАНИ РУСТАМ ПЕШИ КАЙХУСРАВ
Чу огоҳӣ омад ба шоҳи далер, Ки аз беша пирӯз баргашт шер, Ки Бежан шуд аз банду зиндон раҳо, Зи дасти бадандеш нараждаҳо.
395. ШИКАСТ ЁФТАНИ АФРОСИЁБ АЗ ЭРОНИЁН
Чу ин гуфта бишнид турки дижам, Биларзиду барзад яке тез дам. Барошуфт, к-«Эй номдорони Тур, Бад-ин дашт ҷанг аст ё базму сур?
394. ОМАДАНИ АФРОСИЁБ БА ҶАНГИ РУСТАМ
Чу хуршед барзад сар аз кӯҳсор, Саворони Турон бубастанд бор. Битавфид шаҳру баромад хурӯш, Ту гуфтӣ ҳаме кар шуд аз наъра гӯш.
393. ШАБЕХУН КАРДАНИ РУСТАМ ДАР АЙВОНИ АФРОСИЁБ
Бирафтанд бо Рустам ин ҳафт гурд, Буна Ашкаши тезҳушро супурд. Инонро фиканданд бар пеши зин, Кашиданд гурдон ҳама теғи кин.
392. БАРОВАРДАНИ РУСТАМ БЕЖАНРО АЗ ЧОҲ
Таҳамтан бипӯшид румӣ зиреҳ, Барафканд банди зиреҳро гиреҳ. Ба пеши худованди хуршеду моҳ Биёмад, варо кард пушту паноҳ.
391. ОГОҲӢ ЁФТАНИ БЕЖАН АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ
Манижа биёмад бад-он чоҳсар Давон, хӯрданиҳо гирифта ба бар. Навашта ба дастор чизе, ки бурд, Чунон ҳам навашта ба Бежан супурд.
390. ОМАДАНИ МАНИЖА БА ПЕШИ РУСТАМ
Манижа хабар ёфт аз корвон, Якояк ба шаҳр андаромад давон. Бараҳнасар он духти Афросиёб Бари Рустам омад ду дида пур об.
389. РАФТАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ ХУТАН БА НАЗДИ ПИРОН
Пас он гоҳ гуфташ ба гарданкашон, Бар он гурздорону мардумкушон, Чу солори навбат биёяд ба дар, Ба шабгир банданд гурдон камар.
388. ОРОСТАНИ РУСТАМ ЛАШКАРИ ХЕШ
Зи Рустам бипурсид пас шаҳрёр, Ки «Чун ронд хоҳӣ бад-ин кина кор? Чӣ хоҳӣ зи ганҷу зи лашкар, бихоҳ, Кӣ бояд, ки бо ту биёяд ба роҳ?
387. ХОСТ КАРДАНИ РУСТАМ ГУРГИНРО АЗ ШОҲ
Чу Гургин нишони Таҳамтан шунид, Бидонист, к-омад ғамашро калид. Фиристод наздики Рустам паём, Ки «Эй некпай, фарруху некном!
386. БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БО ПАҲЛАВОНОН
Дари боғ букшод солори бор, Нишастангаҳе сохт бас шоҳвор. Бифармуд, то тоҷи заррину тахт Ниҳоданд зери гулафшон дарахт.
385. ОМАДАНИ РУСТАМ НАЗДИ ХУСРАВ
Ба рӯзи чаҳорум гирифтанд соз, Чу омад-ш ҳангоми рафтан фароз, Бифармуд Рустам, ки банданд бор, Сӯи шаҳри Эрон бисечанд кор.
384. БАЗМ СОХТАНИ РУСТАМ АЗ БАҲРИ ГЕВ
В-аз он ҷо ба айвони Рустам шуданд, Ба раҳ-бар яке рои рафтан заданд. Чу он номаи шоҳ Рустам бихонд, Зи гуфтори Хусрав ба хира бимонд.
383. БУРДАНИ ГЕВ НОМАИ КАЙХУСРАВ БА НАЗДИ РУСТАМ
Чу бар нома бинҳод Хусрав нигин, Ситад Геву бар шоҳ кард офарин. В-аз он ҷо биёмад, сӯи хона рафт, Раҳи Систонро бисечид тафт.
382. НОМА НАВИШТАНИ ХУСРАВ БА РУСТАМ
Нависандаи номаро пеш хонд, Аз ин достон чанд бо ӯ биронд. Ба Рустам яке нома фармуд шоҳ Навиштан зи меҳтар сӯи некхоҳ,
381. ДИДАНИ КАЙХУСРАВ БЕЖАНРО ДАР ҶОМИ ГЕТИНАМОЙ
Чу Наврӯзи хуррам фароз омадаш, Бад-он ҷоми фаррух ниёз омадаш. Биёмад пуруммеди дил паҳлавон, Зи баҳри писар кӯж гашта навон.
380. ОВАРДАНИ ГЕВ ГУРГИНРО БА НАЗДИ ХУСРАВ
В-аз он ҷо биёмад ба наздики шоҳ Ду дида пур аз хуну дил кинахоҳ. Бар ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳрёр, Ҳамеша ба шодӣ ҷаҳонро гузор.
379. БОЗРАФТАНИ ГУРГИН БА ЭРОНЗАМИН ВА ДУРӮҒ ГУФТАН ДАР КОРИ БЕЖАН
Чу як ҳафта Гургин бар он ҷо ба пой Ҳаме буду Бежан наёмад ба ҷой, Зи ҳар сӯш пӯён биҷустан гирифт, Рухонро ба хуноб шустан гирифт.
378. БА ЗИНДОН АФКАНДАНИ АФРОСИЁБ БЕЖАНРО
Ба Гарсеваз он гаҳ бифармуд шоҳ, Ки банди гарон созу торик чоҳ. Ду дасташ ба занҷир баркаш ба ғул Яке банди румӣ ба кирдори пул.
377. ҶОНИ БЕЖАН ХОСТАНИ ПИРОН АЗ АФРОСИЁБ
Бубахшуд Яздон ҷавонишро, Ба ҳам баршикаст он гумонишро. Кананда ҳаме канд ҷои дарахт, Падид омад аз дур Пирон зи бахт.
376. БУРДАНИ ГАРСЕВАЗ БЕЖАНРО ПЕШИ АФРОСИЁБ
Чу Гарсеваз омад ба наздики дар, Зи айвон хурӯш омаду нӯшу х (в) ар. Ғиревидани чангу бонги рубоб Баромад зи айвони Афросиёб.
375. БУРДАНИ МАНИЖА БЕЖАНРО БА КОХИ ХУД
Чу ҳангоми рафтан фароз омадаш, Ба дидори Бежан ниёз омадаш. Манижа чу Бежан дижамрӯй монд, Парастандагонро бари хеш хонд.

