392. БАРОВАРДАНИ РУСТАМ БЕЖАНРО АЗ ЧОҲ
Таҳамтан бипӯшид румӣ зиреҳ,
Барафканд банди зиреҳро гиреҳ.
Ба пеши худованди хуршеду моҳ
Биёмад, варо кард пушту паноҳ.
Ҳаме гуфт: «Чашми бадон кӯр бод,
Бад-ин кори Бежан маро зӯр бод!»
Ба гурдон бифармуд, то ҳамчунин
Бубастанд бар гирдгаҳ банди кин.
Бар аспон ниҳоданд зини хаданг,
Ҳама ҷангро сохта тез чанг.
Таҳамтан ба рахшанда бинҳод рӯй.
Ҳаме рафт пеш - андарун роҳҷӯй.
Чу омад бари санги Аквон фароз,
Бад-он чоҳи андӯҳу гурму гудоз.
Чунин гуфт Рустам бад-он ҳафт гурд,
Ки «Рӯи заминро бибояд сипурд.
Бибояд шуморо кунун тохтан,
Сари чоҳ аз ин санг пардохтан».
Пиёда шуданд он сарони сипоҳ,
Ки аз санг пардахта монанд чоҳ.
Бисуданд бо санг бисёр чанг,
Шуда монда гурдону осуда санг.
Чу аз номдорон биполуд хай,
Ки санг аз сари чоҳ нанҳод пай.
Зи асп андаромад гави шери нар,
Зиреҳдоманашро бизад бар камар.
Зи Яздони зӯрофарин зӯр хост,
Бизад дасту он санг бардошт рост.
Бияндохт бар бешаи шаҳри Чин,
Биларзид аз он санг рӯи замин.
Зи Бежан бипурсиду нолид зор,
Ки «Чун буд корат ба бад рӯзгор?
Зи гетӣ ҳама нӯш будит баҳр,
Зи дасташ чаро бистадӣ ҷоми заҳр?»
Чунин гуфт Бежан зи торик чоҳ,
Ки «Чун буд бар паҳлавон ранҷи роҳ?
Маро чун хурӯши ту омад ба гӯш,
Ҳама заҳри гетӣ шудам пок нӯш.