391. ОГОҲӢ ЁФТАНИ БЕЖАН АЗ ОМАДАНИ РУСТАМ
Манижа биёмад бад-он чоҳсар
Давон, хӯрданиҳо гирифта ба бар.
Навашта ба дастор чизе, ки бурд,
Чунон ҳам навашта ба Бежан супурд.
Нигаҳ кард Бежан, ба хира бимонд,
Аз он чоҳ хуршедрухро бихонд,
Ки «Эй меҳрубон, аз куҷо ёфтӣ
Хуришҳо, к-аз ин гуна биштофтӣ?
Басо ранҷу сахтӣ, к-ат омад ба рӯй,
Зи баҳри ман, эй меҳрубон чораҷӯй»,
Манижа бад-ӯ гуфт к-«Аз корвон
Яке моявар марди бозоргон
Аз Эрон ба Турон зи баҳри дирам
Кашида зи ҳар гуна бисёру кам.
Яке марди покиза бо ҳушу фар,
Зи ҳар гуна бо ӯ фаровон гуҳар.
Ҳамаш дастгоҳ асту ҳам дил фарох,
Яке кулба созид дар пеши кох.
Ба ман дод аз ин гуна дасторхон,
Ки бар ман ҷаҳонофаринро бихон.
Бад-он чоҳ наздики он баста рав,
Дигар гар бихоҳад, бубар нав ба нав».
Бигустард Бежан пас он нони пок,
Пуруммед дил гашта бо тарсу бок.
Чу дасти хуриш бурд аз он доварӣ,
Бидид он ниҳонкарда ангуштарӣ.
Нигинаш нигаҳ карду номаш бихонд,
Зи шодӣ бихандиду хира бимонд.
Яке мӯҳри пирӯза Рустам бар ӯй
Ба оҳан навишта ба кирдори мӯй.
Чу бори дарахти вафоро бидид,
Бидонист, к-омад ғамашро калид.
Бихандид хандидани шоҳвор,
Чунон, к-омад овозаш аз чоҳсор.
Манижа чу бишнид хандиданаш
Аз он чоҳи торику баста танаш,
Шигифт омадаш достоне бизад,
Ки девона хандад зи кирдори х(в)ад.