390. ОМАДАНИ МАНИЖА БА ПЕШИ РУСТАМ
Манижа хабар ёфт аз корвон,
Якояк ба шаҳр андаромад давон.
Бараҳнасар он духти Афросиёб
Бари Рустам омад ду дида пур об.
Ҳаме б-остин хуни мижгон бируфт,
Бар ӯ офарин карду пурсиду гуфт,
Ки «Бархурдӣ аз ҷону аз ганҷи хеш,
Мабодат пушаймонӣ аз ранҷи хеш.
Ба коми ту бодо сипеҳри баланд,
Зи чашми бадонат мабодо газанд.
Ба уммед дилро, ки бастӣ миён,
Зи ранҷе, ки бурдӣ мабодат зиён.
Ҳамеша хирад бодат омӯзгор,
Хунук шаҳри Эрону хуш рӯзгор!
Чӣ огоҳӣ астат зи гурдони шоҳ,
Зи Геву зи Гударзу эронсипоҳ.
Наёмад зи Бежан ба Эрон хабар?
Ниёяш нахоҳад будан чорагар?
Ки чунин ҷавоне зи гударзиён
Ҳаме бугсалонад зи оҳан миён.
Бисудаст пояш ба банди гарон,
Ду дасташ ба мисмори оҳангарон.
Кашида ба занҷиру баста ба банд,
Ҳама ҷома пурхун, аз он мустаманд.
Наёбам зи дарбешии хеш хоб,
Зи нолидани ӯ ду чашмам пуроб».
Битарсид Рустам зи гуфтори ӯй,
Яке бонг барзад, бирондаш зи рӯй.
Бад-ӯ гуфт, к-«Аз пеши ман дур шав,
На Хусрав шиносам, на солори нав.
Надорам зи Гударзу Гев огаҳӣ,
Ки мағзам зи гуфтор кардӣ тиҳӣ».
Ба Рустам нигаҳ карду бигрист зор,
Зи хорӣ биборид хун бар канор.
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари пурхирад,
Зи ту сард гуфтан на андарх (в) арад.
Сухан гар нагӯӣ, маронам зи пеш,
Ки ман худ диле дорам аз дард реш.