389. РАФТАНИ РУСТАМ БА ШАҲРИ ХУТАН БА НАЗДИ ПИРОН
Пас он гоҳ гуфташ ба гарданкашон,
Бар он гурздорону мардумкушон,
Чу солори навбат биёяд ба дар,
Ба шабгир банданд гурдон камар.
Сипедадамон гоҳи бонги хурӯс
Бубастанд бар кӯҳаи пил кӯс
Таҳамтан биёмад чу сарви баланд,
Ба чанг - андарун гурзу бар зин каманд.
Бирафт аз дари шоҳ бо лашкараш,
Ҳаме офарин хонд бар кишвараш.
Сипоҳ аз паси пушти гурдон зи пеш,
Ниҳода ба каф-бар ҳама ҷони хеш.
Ҳама найзаву тирашон раҳнамун,
Ҳама дастро пок шуста ба хун.
Чу наздикии марзи Турон расид,
Сарони сипаҳро ҳама баргузид.
Ба лашкар чунин гуфт пас паҳлавон,
Ки «Эдар бибошед равшанравон.
Маҷунбед аз эдар, магар ҷони ман
Зи тан бугсилад пок Яздони ман.
Басечида бошед мар ҷангро,
Ҳама тез карда ба хун чангро».
Сипаҳро бад-он марзи Эрон бимонд,
Худу саркашон сӯи Турон биронд.
Ҳама ҷома бар сони бозоргон,
Бипӯшиду букшод банд аз миён.
Кушоданд гурдон камарҳои сим,
Бипӯшидашон ҷомаҳои гилем.
Сӯи шаҳри Турон ниҳоданд рӯй
Яке корвоне пур аз рангу бӯй.
Гаронмоя ҳашт асп дар корвон,
Яке Рахшу дигар нишаста гавон.
Даҳ уштур, ҳама борашон гавҳаро,
Сад уштур, ҳама ҷомаи лашкаро.
Зи бас ҳою ҳуи ҷаранги дарой,
Ба кирдори таҳмурасӣ каррной.
Ҳама дашт аз овозашон механид,
Ҳаме рафт, то шаҳри Пирон расид.