388. ОРОСТАНИ РУСТАМ ЛАШКАРИ ХЕШ
Зи Рустам бипурсид пас шаҳрёр,
Ки «Чун ронд хоҳӣ бад-ин кина кор?
Чӣ хоҳӣ зи ганҷу зи лашкар, бихоҳ,
Кӣ бояд, ки бо ту биёяд ба роҳ?
Битарсам зи бадгавҳар Афросиёб,
Ки бар хуни Бежан бигирад шитоб,
Ки ӯ бодсор асту деви нажанд
Бад-ӯ дода афсуну найрангу банд.
Биҷунбонадаш як замон дил зи ҷой,
Бигардонад он теғзанро зи пой».
Чунин гуфт Рустам ба шоҳи ҷаҳон,
Ки «Бипсечам ин кор андар ниҳон.
Калиди чунин банд бояд фиреб,
Набояд бар ин кор кардан ниҳеб.
Ба кирдори бозоргонон шудан,
Шикебо фаровон ба Турон будан.
Бад-он кор бояд кашидан инон,
На ҳангоми гурз асту теғу синон.
Фаровон гуҳар бояду зарру сим,
Ба рафтан ба уммеду будан ба бим.
Зи густарданӣ ҳам зи пӯшиданӣ
Бибояд баҳоиву бахшиданӣ».
Чу бишнид Хусрав зи Рустам сухан,
Бифармуд, к-аз ганҷҳои куҳан
Биёрад бари шоҳ ганҷури ӯй,
Зи ганҷ, он чӣ фармуд дастури ӯй.
Сари бадра бикшуд ганҷури шоҳ,
Ба динору гавҳар биёрост гоҳ.
Таҳамтан биёмад, ҳама бингарид,
Ҳар он ч-аш бибоист, аз он баргузид.
Аз он даҳ шутур бор динор кард,
Сад уштур зи рахту буна бор кард.
Бифармуд Рустам ба солори бор,
Ки «Бугзин зи лашкар саворон ҳазор.
Зи шерони гарданкаши номвар,
Бибояд тане чанд баста камар.
Чу Гургину чун Зангаи Шоварон,
Дигар Густаҳам теғи ҷанговарон,