387. ХОСТ КАРДАНИ РУСТАМ ГУРГИНРО АЗ ШОҲ
Чу Гургин нишони Таҳамтан шунид,
Бидонист, к-омад ғамашро калид.
Фиристод наздики Рустам паём,
Ки «Эй некпай, фарруху некном!
Дарахти бузургиву ганҷи вафо,
Дари родмардиву банди бало.
Гарат ранҷ н-ояд зи гуфтори ман,
Бигӯям кунун бо ту кирдори ман.
Нигаҳ кун ту дар кори ин кӯжпушт,
Ба хира чароғи диламро бикушт.
Ба торикӣ - андар маро раҳ намуд,
Набишта чунин буду буд, он чӣ буд.
Бар оташ ниҳам хештан пеши шоҳ,
Гар омурзиш ояд маро з-ин гуноҳ.
Магар боз гардад зи бад номи ман,
Ба пиронсар ин буд саранҷоми ман.
Магар гар бихоҳӣ зи шоҳи ҷаҳон,
Чу ғурми жиён бо ту бандам миён.
Шавам пеши Бежан, биғалтам ба хок,
Магар боз ёбам ман он кеши пок».
Чу пайғоми Гургин ба Рустам расид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.
Бупечид аз он дарду пайғоми ӯй,
Ғам омад-ш аз он беҳуда коми ӯй.
Фиристодаро гуфт: «Рав, боз гард,
Бигӯяш, ки эй хира, нопокмард!
Ту нашнидаӣ достони паланг,
Бад-он жарфдарё, ки зад бо наҳанг,
Ки гар бар хирад чира гардад ҳаво,
Наёбад зи чанги ҳаво кас раҳо.
Хирадманд, к-орад ҳаворо ба зер,
Бувад достонаш чу шери далер.
Ту дастон намудӣ чу рӯбоҳи пир,
Надидӣ ҳаме доми нахчиргир.
Нашояд бар ин беҳуда коми ту,
Ки ман пеши Хусрав барам номи ту.
Валекин кунун бас ба бечорагӣ
Фурӯмонда бинам-т якборагӣ.