386. БАЗМ КАРДАНИ КАЙХУСРАВ БО ПАҲЛАВОНОН
Дари боғ букшод солори бор,
Нишастангаҳе сохт бас шоҳвор.
Бифармуд, то тоҷи заррину тахт
Ниҳоданд зери гулафшон дарахт.
Ҳама дебаи хусравонӣ ба боғ
Бигустарду шуд бӯстон чун чароғ.
Дарахте заданд аз бари гоҳи шоҳ,
Куҷо соя густард бар тоҷгоҳ.
Танаш симу шохаш зи ёқуту зар,
Бар ӯ гунагун хӯшаҳои гуҳар.
Ақиқу забарҷад ҳама баргу бор
Фурӯ ҳишта аз шох чун гӯшвор.
Ҳама бор заррин турунҷу биҳӣ,
Миёни турунҷу биҳӣ буд тиҳӣ.
Бад-ӯ-андарун мушки суда ба май,
Ҳама пайкараш суфта бар сони най.
Киро шоҳ бар гоҳ биншондӣ,
Бар ӯ бод аз он мушк бифшондӣ.
Биёмад, нишаст ӯ ба зарринатахт,
Ба сар-бар-ш резанда мушк аз дарахт.
Ҳаме майгусорон ба пеш - андаро,
Ҳама бар сарон афсар аз гавҳаро.
Зи дебои зарбафту чинӣ қабой
Ҳама пеши гоҳи сипаҳбад ба пой.
Ҳама тавқ барбаставу гӯшвор,
Ба бар - бар ҳама ҷомаи зарнигор.
Ҳама дил пур аз шодиву май ба даст,
Рухон арғувониву нобуда маст.
Ҳама рух чу дебои румӣ ба ранг,
Фурӯзанда уду хурӯшанда чанг.
Ба солори навбат бифармуд шоҳ,
Ки Гударзу Тусу гавонро бихоҳ.
Бифармуд, то Рустам омад ба тахт,
Нишаст аз бари гоҳ зери дарахт.
Ба Рустам чунин гуфт пас шаҳрёр,
Ки «Эй некпайванди беҳрӯзгор!
Зи ҳар бад туӣ пеши Эрон сипар,
Ҳамеша чу симурғ густарда пар.