393. ШАБЕХУН КАРДАНИ РУСТАМ ДАР АЙВОНИ АФРОСИЁБ
Бирафтанд бо Рустам ин ҳафт гурд,
Буна Ашкаши тезҳушро супурд.
Инонро фиканданд бар пеши зин,
Кашиданд гурдон ҳама теғи кин.
Бишуд то ба даргоҳи Афросиёб
Ба ҳангоми осоишу гоҳи хоб.
Бизад дасту бугсист мисмору банд,
Чу шери жиён хештанро фиканд.
Баромад зи ҳар сӯ яке дору гир,
Дурахшидани теғу борони тир.
Саронро ҳама сар ҷудо шуд зи тан,
Пур аз хок чангу пур аз хун даҳан.
Зи даҳлези ӯ Рустам овоз дод,
Ки «Хоби хушат бар ту носоз бод!
Ту шав бо Манижа, ки ман растахез
Зи Турон барорам ба шамшери тез.
Бихуфтӣ ту бар гоҳу Бежан ба чоҳ,
Магар бора дидӣ зи оҳан ба роҳ?
Манам Рустами зобулӣ - пури Зол,
На ҳангоми хоб асту гоҳи ниҳол.
Шикастам дару банду зиндони ту,
Ки санги гарон буд нигаҳбони ту.
Раҳо шуд сару пои Бежан зи банд,
Ба домод-бар кас наёрад газанд.
Туро разму кини Сиёвахш бас,
Дар ин дашт гарди паи Рахш бас,
Ки бар ҷони Бежан гирифтӣ шитоб,
Дилат хира бинам ҳаме сар ба хоб».
Чунин ҳам баровард Бежан хурӯш,
Ки «Эй турки бадгавҳари хираҳуш,
Барандеш аз он тахту фархунда ҷой,
Маро баста дар пеш карда ба пой.
Ҳаме разм ҷустам ба сони паланг,
Маро даст бастӣ ба кирдори санг.
Кунунам кушода ба ҳомун бубин,
Ки бо ман наҷӯяд жиёншер кин».
Бизад бонг дар хона Афросиёб,
Ки «Размоваронро бубастаст хоб.