Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

380. ОВАРДАНИ ГЕВ ГУРГИНРО БА НАЗДИ ХУСРАВ

В-аз он ҷо биёмад ба наздики шоҳ Ду дида пур аз хуну дил кинахоҳ. Бар ӯ офарин кард, к-«Эй шаҳрёр, Ҳамеша ба шодӣ ҷаҳонро гузор. Анӯша ҷаҳондори некахтаро Набинӣ, ки бар сар чӣ омад маро? Зи гетӣ яке пур будам ҷавон, Шабу рӯз будам бар ӯ-бар навон. Ба ҷонаш пур аз бим гирён будам, Зи бими ҷудоиш бирён будам. Кунун омад, эй шоҳ, Гургин зи роҳ, Забон пур аз ёва, равон пургуноҳ. Бад огоҳӣ овард аз пури ман, Аз он номвар пок дастури ман. Яке асп дорад нагунсор зин, Зи Бежан надорад нишоне ҷуз ин. Агар дод бинад бар ин кори мо, Яке бингарад жарф солори мо. Зи Гургин диҳад доди ман шаҳрёр, К-аз ӯ гаштам андар ҷаҳон хоксор». Ғамӣ шуд зи дарди дили Гев шоҳ, Барошуфту бинҳод бар сар кулоҳ. Рухи шоҳ бар гоҳ беранг шуд, Зи тимори Бежан дилаш танг шуд. Ба Гев он гаҳе гуфт: «Гургин чӣ гуфт? Чӣ гӯяд, куҷо монд он некҷуфт?» Зи гуфтори Гургин пас он гоҳ Гев Сухан гуфт бо Хусрав аз пури нев. Чу аз Гев бишнид Хусрав сухун, Бад-ӯ гуфт: «М-андешу зорӣ макун, Ки Бежан ба ҷой асту хурсанд бош, Бар уммеди гумбуда фарзанд бош, Ки акнун шунидастам аз мӯбадон, Зи бедордил, номвар бихрадон, Ки ман бо саворони Эрон ба ҷанг Сӯи шаҳри Турон шавам бедиранг. Ба кини Сиёвуш кашам лашкаро, Ба пилон сар орам ман он кишваро.