381. ДИДАНИ КАЙХУСРАВ БЕЖАНРО ДАР ҶОМИ ГЕТИНАМОЙ
Чу Наврӯзи хуррам фароз омадаш,
Бад-он ҷоми фаррух ниёз омадаш.
Биёмад пуруммеди дил паҳлавон,
Зи баҳри писар кӯж гашта навон.
Чу Хусрав рухи Гев пажмурда дид,
Дилашро ба дард - андар озурда дид,
Биёмад, бипӯшид румиқабой,
Бад-он то бувад пеши Яздон ба пой.
Хурӯшид пеши ҷаҳонофарин,
Ба рахшанда - бар чанд кард офарин.
Зи фарёдрас зӯру фарёд хост,
В-аз Аҳримани бадкуниш дод хост.
Хиромон аз он ҷо биёмад ба гоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Пас он ҷом бар каф ниҳоду бидид,
Дар ӯ ҳафт кишвар ҳаме бингарид.
Зи кору нишони сипеҳри баланд
Ҳама кард пайдо чиву чуну чанд.
Зи моҳӣ ба ҷом - андарун то бара
Нигорида пайкар бад-ӯ яксара.
Чи кайвон, чи ҳурмуз, чи баҳрому шер,
Чи меҳру чи моҳу чи ноҳиду тир,
Ҳама буданиҳо бад-ӯ андаро
Бидидӣ ҷаҳондори афсунгаро.
Ба ҳар ҳафт кишвар ҳаме бингарид,
Ки ояд зи Бежан нишоне падид.
Сӯи кишвари Гургсорон расид,
Ба фармони Яздон мар ӯро бидид.
Бад-он чоҳ баста ба банди гарон,
Зи сахтӣ ҳаме марг ҷуст андар он.
Яке духтаре аз нажоди каён
Зи баҳри завориш баста миён.
Сӯи Гев кард он гаҳе рӯй шоҳ,
Бихандиду рахшанда шуд пешгоҳ,
Ки «Зинда-ст Бежан, ту дил шод дор,
Зи ҳар бад тани меҳтар озод дор.
Магар ғам надорӣ ба зиндону банд,
Аз он пас, ки бар ҷон-ш н-омад газанд,