Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

382. НОМА НАВИШТАНИ ХУСРАВ БА РУСТАМ

Нависандаи номаро пеш хонд, Аз ин достон чанд бо ӯ биронд. Ба Рустам яке нома фармуд шоҳ Навиштан зи меҳтар сӯи некхоҳ, Ки «Эй паҳлавонзодаи пурҳунар, Зи гурдони кайҳон бароварда сар, Туӣ аз ниёкон маро ёдгор, Ҳамеша камарбастаи корзор. Дили шаҳрёрону пушти каён, Ба фарёди ҳар кас камар бар миён. Туро дод гардан ба мардӣ паланг, Ба дарё хурӯшон зи бимат наҳанг. Ҷаҳонро зи девони Мозандарон Бишустиву кандӣ бадонро сарон. Чӣ моя сари тоҷдорон зи гоҳ Рабудиву баркандӣ аз пешгоҳ. Басо душмано к-аз ту беҷон шуда, Басо буму бар, к-аз ту вайрон шуда. Сари паҳлавонони лашкарпаноҳ Ба наздики шоҳон туро дастгоҳ. Ҳама ҷодувонро шикастӣ ба гурз, Бияфрӯхтӣ тоҷи шоҳон ба бурз. Чи Афросиёбу чи хоқони Чин Набишта ҳама номи ту бар нигин. Ҳар он банд, к-аз дасти ту баста шуд, Кушояндагонро ҷигар хаста шуд. Кушояндаи банди баста туӣ, Каёнро сипеҳри хуҷаста туӣ. Туро Эзад ин зӯри пилон ки дод, Бару бозуву чангу фаррух нажод, Бад-он дод, то дасти фарёдхоҳ Бигирӣ, барорӣ зи торик чоҳ. Кунун ин яке кори шоиста пеш Фароз омадаст ин ба шоиста хеш. Чунин кор н-омад ба гударзиён Аз он девчеҳрони турониён. Ба ту дорад уммед Гударзу Гев, Ки ҳастӣ ба ҳар кишвар имрӯз нев.