Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

383. БУРДАНИ ГЕВ НОМАИ КАЙХУСРАВ БА НАЗДИ РУСТАМ

Чу бар нома бинҳод Хусрав нигин, Ситад Геву бар шоҳ кард офарин. В-аз он ҷо биёмад, сӯи хона рафт, Раҳи Систонро бисечид тафт. Саворони дуда ҳама барнишонд, Ба Яздон паноҳиду номаш бихонд. Биёбон гирифту раҳи Ҳирманд, Ҳаме рафт пӯён ба сони наванд. Чу нахчир аз он ҷо, ки бар доштӣ, Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ. Ба кӯҳу ба саҳро ниҳоданд рӯй, Ҳаме шуд халидадилу роҳҷӯй. Чу аз дидагаҳ дидабонаш бидид, Сӯи Зобулистон фиғон баркашид, Ки омад саворе сӯи Ҳирманд, Саворон ба гирд-андараш низ чанд. Дурафши дурафшон паси пушти ӯй, Яке кобулӣ теғ дар мушти ӯй. Ғави дида бишнид Дастони Сом, Бифармуд бар чарма кардан лагом. Бизад аспу омад пазира ба роҳ, Бад-он то набошад магар кинахоҳ. Ба роҳ Гевро дид пажмурдарӯй, Ҳаме омад осемаву пӯяпӯй. Ба дил гуфт кори нав омад ба шоҳ, Ки Гев аст аз Эрон фириста ба роҳ. Чу наздик шуд паҳлавону сипоҳ, Ниёишкунон баргирифтанд роҳ. Бипурсид Дастон аз эрониён, Зи шоҳу бузургону турониён. Дуруди бузургон ба Дастон бидод Зи шоҳу далерони фаррухнажод. Ҳама дарди дил пеши Дастон бихонд, Ғами пури гумбуда бо ӯ биронд. Ҳаме гуфт: «Рӯям набинӣ ба ранг, Зи хуни мижа пушти поям паланг». В-аз он пас нишони Таҳамтан бихост, Бипурсиду гуфташ, ки «Рустам куҷост?»