Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

384. БАЗМ СОХТАНИ РУСТАМ АЗ БАҲРИ ГЕВ

В-аз он ҷо ба айвони Рустам шуданд, Ба раҳ-бар яке рои рафтан заданд. Чу он номаи шоҳ Рустам бихонд, Зи гуфтори Хусрав ба хира бимонд. Зи бас офарини ҷаҳондор шоҳ Бар он номвар паҳлавони сипоҳ. Ба Гев он гаҳе гуфт: «Биштофтам, Ба фармони шаҳ роҳро сохтам. Бидонистам ин ранҷу кирдори ту, Кашидан ба ҳар кор тимори ту. Чӣ моя туро назди ман дастгоҳ, Ба ҳар кинагоҳ-андарун кинахоҳ. Чи кини Сиёвуш, чи Мозандарон, Камарбаста дар пеши ҷанговарон Бад-ин омадан ранҷ бардоштӣ, Чунин роҳи душвор бугзоштӣ. Ба дидори ту сахт шодон шудам, Вале баҳри Бежан парешон шудам. Набоистаме, к-ин чунин сӯгвор Туро дидаме хастаи рӯзгор. Ман аз баҳри ин номаи шоҳро Ба фармон ба сар биспарам роҳро. Зи баҳри ту ман худ ҷигархастаам, Бар ин кори Бежан камар бастаам. Бикӯшам бад-ин кор, агар ҷони ман Зи тан нагсалад пок Яздони ман. Ман аз баҳри Бежан надорам ба ранҷ Фидо кардани ҷону мардону ганҷ. Ба нерӯи Яздон бубандам камар Ба бахти ҷаҳондори пирӯзгар. Биёрам-ш аз он банду торик чоҳ, Нишонам-ш бар номвар пешгоҳ. Се рӯз андар ин хони ман шод бош, Ҳаме нӯш май в-аз ғам озод бош, Ки ин хона з-он хона бахшида нест, Маро бо ту ганҷу тану ҷон якест. Се рӯз андар ин хона бошем шод, Зи гурдону аз шоҳ гирем ёд.