Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

379. БОЗРАФТАНИ ГУРГИН БА ЭРОНЗАМИН ВА ДУРӮҒ ГУФТАН ДАР КОРИ БЕЖАН

Чу як ҳафта Гургин бар он ҷо ба пой Ҳаме буду Бежан наёмад ба ҷой, Зи ҳар сӯш пӯён биҷустан гирифт, Рухонро ба хуноб шустан гирифт. Пушаймонӣ омад-ш аз он кори хеш, Ки чун бад сиголид бо ёри хеш. Бишуд тозиён то бад-он ҷойгоҳ, Куҷо Бежани Гев гум кард роҳ. Ҳама беша баргашту касро надид, На низ андар он бонги мурғон шунид. Ҳаме гашт бар гирди он марғзор, Ҳаме кард ёр андар ӯ хостор. Якояк зи дур аспи Бежан бидид, Ки омад аз он ҷӯйборон падид. Гусиста лагому нагунсор зин, Фурӯ бурда лафҷу бароварда кин. Бидонист, к-ӯро табоҳ аст кор, Ба Эрон наёяд бад-ин рӯзгор. Агар дор дорад в-агар чоҳу банд, Зи Афросиёб омадасташ газанд. Каманд андар афканду баргошт рӯй, Зи карда пушаймондилу чораҷӯй. Аз он марғзор аспи Бежан биронд, Ба хайма дароварду рӯзе бимонд. В-аз он ҷо сӯи шаҳри Эрон шитофт, Шабу рӯз орому хуфтан наёфт. Чу огоҳӣ омад зи Гургин ба шоҳ, Ки Бежан набудаст бо ӯ ба роҳ. Нагуфт ин сухан Гевро шаҳрёр, Бад-он то зи Гургин кунад хостор. Пас огоҳӣ омад ҳамон гаҳ ба Гев, Зи гум будани размзан пури нев. Зи хона биёмад дамон то ба кӯй, Дил аз дард хаста, пур аз об рӯй. Ҳаме гуфт Бежан наёяд ҳаме, Ба Ирмон надонам чӣ пояд ҳаме. Бифармуд, то бӯри Кашводро, Куҷо доштӣ рӯз фарёдро,