Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

378. БА ЗИНДОН АФКАНДАНИ АФРОСИЁБ БЕЖАНРО

Ба Гарсеваз он гаҳ бифармуд шоҳ, Ки банди гарон созу торик чоҳ. Ду дасташ ба занҷир баркаш ба ғул Яке банди румӣ ба кирдори пул. Бипайванд мисморҳои гарон, Зи сар то ба пояш бубанд андар он. Аз он пас нагун андарафкан ба чоҳ, Ки бебаҳра гардад зи хуршеду моҳ. Бубар пилу он санги Аквондев, Ки аз жарфдарёи кайҳонхидев Фикандаст бар бешаи Чинситон, Биёвар, зи Бежан бад-он кин ситон. Ба пилони гарданкаш он сангро, Ки пӯшад сари чоҳи Аржангро, Биёвар сари чоҳ, ӯро бипӯш, Бимон то ба зорӣ барояд-ш ҳуш. В-аз он ҷо ба айвони он беҳунар, Манижа, к-аз ӯ нанг дорад гуҳар. Бирав, бо саворону тороҷ кун, Нагунбахтро бесару тоҷ кун. Бигӯ, эй банафрини шӯридабахт, Ки бар ту назебад ҳаме тоҷу тахт. Ба нанг аз каён паст кардӣ сарам, Ба хок андарандохтӣ афсарам. Бараҳна кашонаш, бубар то ба чоҳ, Ки дар чоҳ бин, он ки дидӣ ба гоҳ. Баҳораш туӣ, ғамгусораш ту бош, Дар ин тангзиндон завораш ту бош». Хиромид Гарсеваз аз пеши ӯй, Бикарданд коми бадандеши ӯй. Кашон Бежани Гев аз пеши дор Бибурданд баста бад-он чоҳсор. Зи сар то ба пояш ба оҳан бубаст, Ба румӣ миёну ба занҷир даст. Ба пӯлоду хоиски оҳангарон Фурӯ бурда мисморҳои гарон. Нагунаш ба ҷоҳ андарандохтанд, Сари чоҳро санг барсохтанд.