377. ҶОНИ БЕЖАН ХОСТАНИ ПИРОН АЗ АФРОСИЁБ
Бубахшуд Яздон ҷавонишро,
Ба ҳам баршикаст он гумонишро.
Кананда ҳаме канд ҷои дарахт,
Падид омад аз дур Пирон зи бахт.
Чу Пирони Виса бад-он ҷо расид,
Ҳама роҳ турки камарбаста дид.
Яке дор бар пой карда баланд,
Фурӯ ҳишта аз дор печон каманд.
Ба турониён гуфт, к-«Ин дор чист,
Дили шоҳи Турон бар озори кист?»
Бад-ӯ гуфт Гарсеваз: «Ин Бежан аст,
Аз Эрон куҷо шоҳро душман аст».
Бизад аспу омад бари Бежано,
Ҷигар хаста дидаш, бараҳна тано.
Ду даст аз паси пушт баста чу санг,
Даҳон хушку рафта зи рух обу ранг.
Бипурсиду гуфташ, ки «Чун омадӣ,
Аз Эрон ҳамоно ба хун омадӣ?»
Ҳама достон Бежан ӯро бигуфт,
Чунон чун расидаш зи бадхоҳ ҷуфт.
Бубахшуд Пирони Виса бад-ӯй,
Фурӯ рехт об аз ду дида ба рӯй.
Бифармуд, то як замонаш ба дор
Накарданду гуфташ: «Ҳам эдар бидор!
Бад-он то бубинам яке рӯи шоҳ,
Намоям бад-ӯ ахтари нек роҳ».
Бизад аспу Пирони Виса бирафт,
Бари шоҳи Турон хиромид тафт.
Ба кох - андарун шуд парасторваш,
Бари шоҳ-бар даст карда ба каш.
Пиёда давон то ба наздики тахт,
Бар Афросиёб офарин кард сахт.
Ҳаме буд дар пеши тахташ ба пой
Чу дастури покизаи раҳнамой.
Сипаҳдор донист, к-аз орзуй
Ба пой аст Пирони озодахӯй.
Бихандиду гуфташ: «Чӣ хоҳӣ, бигӯй
Туро бештар назди ман обрӯй.