376. БУРДАНИ ГАРСЕВАЗ БЕЖАНРО ПЕШИ АФРОСИЁБ
Чу Гарсеваз омад ба наздики дар,
Зи айвон хурӯш омаду нӯшу х (в) ар.
Ғиревидани чангу бонги рубоб
Баромад зи айвони Афросиёб.
Саворон дару боми айвони шоҳ
Гирифтану ҳар сӯ бубастанд роҳ.
Чу Гарсеваз он кох дарбаста дид,
Маю ғулғулу нӯши пайваста дид.
Бизад дасту барканд бандаш зи ҷой,
Биҷаст аз дар андар миёни сарой.
Биёмад ба наздики он хона зуд,
Куҷо андар ӯ марди бегона буд.
Зи дар чун ба Бежан барафканд чашм,
Биҷӯшид хунаш бар ӯ-бар зи хашм.
Дар он хона сесад парастанда буд,
Ҳама бо рубобу набиду суруд.
Чу Бежан нишаста миёни занон,
Ба лаб-бар маи сурху шодикунон.
Хурӯшид Гарсеваз он гаҳ бадард,
Ки «Эй хешнашноси нопокмард!
Фитодӣ ба чанголи шери жиён,
Куҷо бурд хоҳӣ ту ҷон з-ин миён?».
Бупечид бар хештан Бежано,
Ки чун разм созам бараҳнатано.
На шабранг бо ман, на раҳвори бур,
Ҳамоно, ки баргаштам имрӯз ҳур.
Куҷо Геви Гударзи Кашводагон,
Ки сар дод бояд ҳаме ройгон?
Ба гетӣ набинам ҳаме ёр кас,
Ҷуз Эзад маро нест фарёдрас.
Ҳамеша ба як соқи мӯза - дарун
Яке ханҷаре доштӣ обгун.
Бизад дасту ханҷар кашид аз ниём,
Дари хона бигрифту баргуфт ном,
Ки «Ман Бежанам, пури Кашводагон,
Сари паҳлавонону озодагон.
Надаррад касе пӯст бар ман, магар
Ҳаме серӣ ояд танашро зи сар.