Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

375. БУРДАНИ МАНИЖА БЕЖАНРО БА КОХИ ХУД

Чу ҳангоми рафтан фароз омадаш, Ба дидори Бежан ниёз омадаш. Манижа чу Бежан дижамрӯй монд, Парастандагонро бари хеш хонд. Бифармуд, то доруи ҳушбар Парастанда омехт бо нӯш - бар. Бидоданд, чун хӯрд, шуд мард маст, Абе хештан сар-ш бинҳод паст. Иморӣ бисечиду рафтан ба роҳ Мар он хуфтаро андар он ҷойгоҳ Зи як сӯ нишастангаҳи комро, Дигар сӯй аз баҳри оромро. Бигустард кофур бар ҷои хоб, Ҳаме рехт бар чӯби сандал гулоб. Чу омад ба наздики шаҳр-андаро, Бипӯшид бар хуфта-бар чодаро. Нуҳуфта ба кох андаромад ба шаб, Ба бегонагон ҳеч накшод лаб. Ба айвон биёросташ ҷои хоб, Ба бедории Бежан омад шитоб. Дарафканд доруи ҳушаш ба гӯш, Бад-он, то ба ҷои худ ояд-ш ҳуш. Чу бедор шуд Бежану ҳуш ёфт, Нигори суманбар дар оғӯш ёфт. Ба айвони Афросиёб-андаро, Або моҳрӯе ба болин саро. Бупечид бар хештан Бежано, Ба Яздон паноҳид з-Аҳримано. Чунин гуфт, к-«Эй кирдгоро, маро Раҳоӣ нахоҳад будан з-эдаро. Зи Гургин бихоҳӣ магар кини ман, Бар ӯ бишнавӣ дарду нафрини ман, Ки ӯ буд ин бад маро раҳнамун, Ҳаме хонд бар ман ҳазорон фусун». Манижа бад-ӯ гуфт: «Дил шод дор, Ҳама кори нобударо бод дор. Ба мардон зи ҳар гуна кор оядо, Гаҳе базму гаҳ корзор оядо».