374. ОМАДАНИ БЕЖАН БА ХАЙМАИ МАНИЖА
Намонд он замон ҷойгоҳи сухун,
Хиромид аз сояи сарвбун.
Сӯи хаймаи духти Афросиёб
Пиёда ҳаме гом зад бошитоб.
Ба парда даромад чу сарви баланд,
Миёнаш ба зарринкамар карда банд.
Манижа биёмад, гирифташ ба бар,
Кушод аз миёнаш каёнӣ камар.
Бипурсидаш аз роҳу аз кору соз,
Ки бо ту кӣ омад ба ҷанги гуроз?
Чаро инчунин қадду ин рӯю бурз
Биранҷонӣ, эй хубчеҳра, ба гурз?
Бишустанд пояш ба мушку гулоб,
Гирифтанд аз он пас ба хӯрдан шитоб.
Ниҳоданд хону хуриш гунагун,
Ҳаме сохтандаш фузунӣ фузун.
Нишастангаҳи руду май сохтанд,
Зи бегона хиргаҳ бипардохтанд.
Парастандагон истода ба пой,
Або барбату чанги ромишсарой.
Ба дебо замин карда товусранг,
Зи динору дебо пушти паланг.
Чӣ аз мушку анбар, чӣ ёқуту зар
Саропарда ороста сар ба сар.
Маи солхӯрда ба ҷоми булӯр
Бароварда бо Бежани Гев зӯр.
Се рӯзу се шаб шод буда шод ба ҳам,
Гирифта бар ӯ хобу мастӣ ситам.