Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

373. РАФТАНИ БЕЖАН БА ДИДАНИ МАНИЖА — ДУХТАРИ АФРОСИЁБ

Бирафтанд ҳарду ба роҳи дароз Яке озпеша, яке кинасоз. Миёни ду беша ба як рӯз роҳ Фуруд омад он гурди лашкарпаноҳ. Дар он марғзорони Ирмон ду рӯз Ҳаме шод буданд бо бозу юз. Чу донист Гургин, ки омад арӯс, Ҳама дашт аз ӯ шуд чу чашми хурӯс. Ба Бежан пас он достон баркушод В-аз он ҷашну ромиш ҳаме кард ёд. Ба Гургин чунин гуфт пас Бежано, Ки «Ман пештар созам ин рафтано. Шавам, базмгаҳшон бубинам зи дур, Ки турониён чун бисечанд сур. В-аз он ҷо ҳамон гаҳ бупечам инон, Ба гардун барорам зидудасинон. Занем он гаҳе рой ҳушёртар, Шавад дил зи дидор бедортар. Ба ганҷур гуфт: «Он кулоҳи падар, Ки дар базмгаҳ барниҳодӣ ба сар, Ки равшан шудӣ з-ӯ ҳама базмгоҳ, Биёвар, ки моро ба базм аст роҳ. Ҳамон тавқи Кайхусраву гӯшвор, Ҳамон ёраи Гев гавҳарнигор Бипӯшид рахшанда румӣ қабой, Ба тоҷ андаровехт парри ҳумой. Ниҳоданд бар пушти шабранг зин, Камар хост бо паҳлавонӣ нигин. Ба асп андаровард пою бирафт, Ҳаме тохташ то бад-он ҷой тафт. Биёмад, чу наздики он беша шуд, Дил аз коми хешаш пурандеша шуд. Ба зери яке сарвбун шуд баланд, Ки то з-офтобаш набошад газанд. Ба наздики он хаймаи хубчеҳр Биёмад, ба дил-ш андаровехт меҳр. Ҳама дошт аз овои руду суруд Равонро ҳаме дод гуфтӣ дуруд.